ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

1

25 сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сармутахассисон (мутахассисони пешбар)-и раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 20-уми сенятбри соли ҷорӣ шуруъ гардида буд, ҷамъбаст гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии курс муовини аввал, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Сафарзода Муҳаммад Бақо, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Қабл аз анҷоми курс дар мавзӯи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид, ки дар раванди он шунавандагони курс фаъолона ширкат варзида, вобаста ба самтҳои мухталифи соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ ва ҷиҳати пешрафти соҳа суолҳо ва таклифҳои худро пешниҳод намуданд. Мизи мудаввар бо мубоҳиса ва суолу ҷавоб судманд ҷараён ёфт.

 

Баъдан ба 72 нафар шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим карда шуд.

 

Ёдрас мешавем, ки шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба масъалаҳои асоситарини хизмати давлатӣ, инчунин масоили марбути кор бо воситаи ахбори омма, аз ҷумла, нақши интернет-ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, дастовардҳои ВАО дар даврони истиқлолият, амнияти иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи техникаи иттилоот ҳамчун қисми таркибии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши вао, махсусан шабакаҳои интернетӣ дар таҳкими руҳияи ватандории миллӣ, озодии баён дар Тоҷикистон, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: манбаъ ва омилҳои он, таҳдидҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири он ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли ин машғулиятҳо иттилоъ дарёфтанд.

Похожие записи