ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ РОҲБАРОНИ ДАСТГОҲИ РАИСОНИ ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

IMG_2367

Курси такмили ихтисос барои роҳбарони дастгоҳи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз рӯи барномаи “Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ” аз 27-уми сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардида буд, ҷамъбаст гардид.

 

Дар қисмати ҷамъбастии курс Сафарзода Даврон Ҷурахон – ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодиров Зоҳир Қодирович – муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент иштирок намуданд.

 

Қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзӯи “Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардида, дар доираи он ҳозирин баҳсу мунозира намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, шарҳи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сарварӣ дар низоми идоракунӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, техникаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ, одоби муоширати расмӣ, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”,  риояи аломатҳои китобат дар матни коргузорӣ, нақши хизматчии давлатӣ пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузарониданд.

 

Дар фарҷом ба 67 нафар шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода шуд.

Похожие записи