АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯ НАТИҶАГИРӢ  КАРДА ШУД

IMG_0463

5 январи соли 2022 фаъолияти солонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.

 

Дар ҷаласаи ҷамъбасти солона Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирназарзода Иброҳим, инчунин устодону кормандони Академия иштирок намуданд.

 

Нахуст, ректори Академия Ғафурзода А.Д. қайд намуд, ки соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, раёсат ва ҳайати профессорону устодони Академия дар соли 2021 корҳои назаррасро анҷом дод.

 

Дар идома ректори Академия вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилооти зарурӣ пешниҳод намуд.

 

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар соли 2021 8 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадияшонро бомуваффақият ҳимоя намуда, рӯз аз рӯз сафи устодони унвондор меафзояд. Инчунин дар соли 2021 омӯзгорони Академия сазовори “Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ” гардиданд. Дар ин сол Академияро 815 нафар хатм намуданд, ки аз ин шумор 56 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.

 

Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академия буда, дар маҷмуъ дар 33 курс 1781 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1737 нафар “Гувоҳнома” ва ба 169 нафар «Шањодатнома» таќдим гардид.

 

“Бузургтарин дастоварди Академия дар давраи ҳисоботӣ ин таъсиси Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва Маркази рушди расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”– иброз дошт Ғафурзода А.Д.

 

Дар фарҷом намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Пирназарзода миннатдории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ расонид.

 

Таъкид гардид, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии кишвар яке аз фаъолтарин ва пешқадамтарин муассисаҳо ба ҳисоб рафта, устодону кормандони он пайваста саҳмгузоранд.

 

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шунидани ҳисоботи солонаи Академия фаъолияти онро қаноатманд арзёбӣ кард.

Похожие записи