АИДНПҶТ. КӮМАКИ НАВБАТӢ БА 22 НАФАР

IMG_1965

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат вохӯри доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Зулфия Аҳмадзода – ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, Одилҷон Бобозода – сардори котибот ва ёвари Ректор, Сайдулло Қувватзодасардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва Алишер Назарзода – мудири бахши ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ Зулфия Аҳмадзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ва камбизоатону барҷомондагон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятимону камбизоатон мавқеи меҳварӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бенасиб намонда, онҳо ҳамеша таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумат қарор доранд.

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.  Ин суханони Сарвари давлат таҳаввулоти ҷиддиро дар сиёсати давлатии иҷтимоии ҷумҳурӣ ба бор оварда, тамоми ятимони кулл, нимятимон ва камбизоатоне, ки имрӯз дар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳо бархӯрдоранд – гуфт дар идома ноиби Ректор.

Одилҷон Бобозода зимни сухаронии хеш қайд намуд, ки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоатро дастгирӣ намуда, имрӯз баҳри  онҳо дар Академия тамоми  шароитҳо фароҳаманд. Аз ҷумла, имрӯз дар Академия ятимони кулл ва ашхоси имконияташон маҳдуд бо ҷои зист ва як вақт хӯроки гарми ройгон таъминанд.

Дар охир таъкид гардид, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарвари Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти фаррохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  ноиби Ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа аз номи Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 22 нафар донишҷӯёну магистрантони ятим, имконияташон маҳдуд ва камбизоат кӯмаки яккаратаи молиявӣ дар ҳаҷми 400 (чорсад) сомонӣ тақдим намуд.

Аксҳо