АИДНПҶТ. ҲАМКОРИҲО БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

12

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми муколама оид ба ҳамкориҳои байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

 

Созишномаи мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Бекмурадов Адҳам Шарипович ба тавсиб расид.

 

Ҳадафи ба тавсиб расидани Созишномаи мазкур фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба доир ба талабодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

 

Дар доираи Созишномаи мазкур Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самтҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ-омӯзишӣ оид ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, гузаронидани лексияҳо – семинарҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои мубрам, таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, сиёсати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодиёт, кори иҷтимоӣ, ташкил намудани коромӯзии дуҷониба барои ҳайати профессорон ва омӯзгорон, кормандони илмӣ ва маъмурӣ, мубодилаи ҳайати профессорон  ва омӯзгорон, мубодилаи мақолаҳо ва нашрияҳои илмӣ, ташкили конференсияҳо, мизҳои мудаввар, мубоҳисаҳои тематикӣ бо ҷалби намояндагони миллӣ ва хориҷӣ, муҳити академӣ ва коршиносони ботаҷриба, мусоидат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, мукаммалгардонии донишу малакаҳои хизматчиёни давлатии воломақом, нашри муштараки китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимӣ ва нашри маводҳо дар маҷаллаҳои минтақавие, ки ба масоили хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ таалуқ доранд, табодули таҷриба ва иттилоот дар масъалаҳои тайёркунии кадрҳои хизмати давлатӣ, инчунин дар соҳаи таҳсилоти фосилавӣ, барқарор ва инкишофи ҳамкориҳои мустақим байни зерсохтор, олимон ва коршиносон, сафарҳои роҳбарон, кормандон, ҳайати профессорону омӯзгорон бо мақсади мубодилаи таҷрибаи корӣ, хондани лексияҳо, намоиши презентатсияҳо ва иштирок дар таҳқиқотҳои илмӣ, гузаронидани дарсҳои амалӣ, корҳои машваратӣ ва экспертӣ, афзун намудани фонди китобхона, мубодилаи захираҳои иттилоотӣ ва хазинаи маълумотҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Похожие записи