Акасияи волонтёрони АИДНПҶТ таҳти унвони «Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст»

аяачм

Дастаи волонтёрони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон ҷиҳати саҳмгузорї ва ҳамкорї бо ситоди шаҳрї оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар шаҳри Душанбе санаи 18.09.2020 аз соати 18:00 то 20:00 якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонї дар майдони дўстии пойтахт таҳти унвони «Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст!» аксияи тарғиботию ташвиқотӣ баргузор намуданд.

Дар аксия аз ҳисоби Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 150 дона ниқоб, 200 дона маводҳои иттилоотї ва антисептик ба шаҳрвандон дастрас карда шуда, волонтёрон бо сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳї бобати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 гузаронида ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба сокинон фаҳмонда шуд, ки риояи қоидаҳои санитарӣ, шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ, тозагии манзили зист, гирду атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи якуним ду метр дуртар муошират намудан, бо даст салом накардан, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонинидашуда, саривақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ, роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки то инҷониб аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 маротиба дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аксияи тарғиботиву ташвиқоти гузаронида, дар он беш аз 15 ҳазор ниқоб ва 25 ҳазор варақаҳои таблиғотӣ ройгон тақсим карда шуд.

Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи нақша – чорабиниҳо  чунин аксияҳоро дар дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе амалӣ менамояд.

 

 

Аксҳо