АНҶОМИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

photo_2021-06-12_10-34-50

11 июни соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷом ёфт.

 

Зимни ҷамъбасти курс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбек Амид Ёрбек, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ғанизода Ибодат Ғанӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Комилбек А.Ё. зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун неруи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад.

 

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ. дар ҷараёни суханрониаш зикр кард, ки: “Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Роҳбарияти олии кишвар барои тарбияву ташаккули онҳо тамоми шароитҳоро  фароҳам овардааст”.

 

Ёдовар мешавем, ки курси зикршуда 5 рӯз идома ёфт ва ба шунавандагони курс устодони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дарс гуфтанд.

 

Қабл аз анҷоми курс дар мавзӯи “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардида, зимни он шунавандагон мубодилаи андеша карданд.

 

Ба шунавандагон пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим гашт.

Похожие записи