АРҶ ГУЗОШТАН БА МОДАРОНУ БОНУВОН АРҶГУЗОРӢ БА МИЛЛАТ ВА ФАРҲАНГӢ МИЛЛИСТ

14207700_1138285149575003_8090819129844770903_o

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.

(Аз суханронии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба муносибати Рузи Модар соли 2011)

 

Модарону бонувон бузургтарин мавҷуди рӯи заминанд. Мақому манзалати ин олиҳаи меҳр аз замоне, ки офарида шуд, ҳадя гардидааст. Мо насли замони истиқлол дастгириҳои ҳамаҷонибаи Роҳбарияти Олии кишварро нисбати занон ва духтарон, дар ҳама самтҳо, аз замони ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ, мушоҳида менамоем. Ҳанӯз аз соли 1997 барои ҷалб ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар, нахустин иқдоми Роҳбарияти мамлакат, ин ҷудо намудани Квотаи президентӣ, барои дастгирӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарони ноҳияҳои дурдасти кишвар, ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми олии наҷибонаи Роҳбарияти кишвар то ба ҳол идома дорад. Маънии аслии ин иқдомот пеш аз ҳама дар баробари ҷавонписарон ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон мебошад. Яъне саводноккунии ҷомеа ҳадафи асосии Роҳбарияти мамлакат ба ҳисоб меравад. Инчунин баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва илмӣ баробари мардон фаъолият намудани занон аз манфиати кор маҳсуб меёбад.

Ҳануз мо соли 1994 дар Конститутсия батариқи райпурсии умумихалқӣ, меъёрҳоеро баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қабул намудем, ки дар ҷомеаи муосир ҳамтои хешро надорад. Имрӯз Конститутсияи мо дар қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шомил гардидааст. Баробарии мардону занон дар қонуни асосии кишвар дарҷ гардидааст (қ.2.м,17к.Ҷ.Т). Модарону кудакон таҳти ҳимояи ғамхории махсуси давлат қарор дода шудаанд (қ.1м,34к.Ҷ.Т). Боз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегиҳо нисбати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, дар заминаи қонуни асосии кишвар ба тасвиб расидаанд.

Барои арҷгузоштан ба модарону бонувон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид” 8- уми мартро ҳамчун Рӯзи модарон, ворид намуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба модарону бонувон ин рӯз дар сартосари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Вохӯрии нахустин ва сухани табрикии Пешвои миллат вобаста ба Рӯзи бонувон  дар толори пур аз занон ва духтарон 8 марти соли 2006 оғоз гардида, то ба имрӯз идома дорад. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Роҳбарияти Олии давлат қариб дар тамоми паёмҳо аз корнамоӣ ва хизматҳои шоистаи занон, дар баробари пешбурди вазифаҳои давлативу ҷамъиятӣ, боз модари мушфиқу ғамхор будан, дар нигоҳ доштани оилаи солим, диққати ҳамаҷониба равона мегардад: “Модарон ва бонувони тоҷик аз уҳдаи ҳама кор мебароянд”, ин сухани худи Сарвари кишвар аст, ки дар он тамоми боварию эътимод нисбат ба занон равона гардидааст.

Басо рамзист, ки дар Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат дар бораи нақши занон дар ҷомеа сухан ронданд ва нигарониҳои хешро нисбати бархурди манфиатҳои ҷаҳонӣ имрӯз иброз намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри нигоҳ доштани мақому манзалати занон дар қонунгузории кишвар, чӣ хеле дар боло қайд намудем, меъёрҳои мушаххасу алоҳидаро дарҷ намудааст. Фаромуш набояд кард, ки дар баробари ҳама вазифаҳои давлативу ҷамъиятӣ тарбияи оила, насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳз аз модарон сарчашма мегирад. Маҳз тарбияи дурусти фарзандон дар саҳми бориз гузоштани модарон инъикос меёбад. Барои нигоҳ доштани урфу одатҳои миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тарбияи дурусти насли ояндасози миллат аз волидони бо маърифат вобастагии сахт дорад.

Модарон, ки бавуҷудоварандаи насл ҳастанду ояндаи ин давлату миллат ба дасти насли ҷавон аст, имрӯз бояд дар назди худ масъулияти бештареро гузоранд, то оянда Тоҷикистони азизи мо боз ҳам мавқеи сазовортареро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ касб кунад.  Зиндаву сарбаланд бошанд модарони тоҷик!

Мирзоалӣ БОБОЕВ,

мутахассис – коргузори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи