АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

IMG_5572

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултети дипломатия ва сиёсат ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуровро аёдат намуда, аз таҷрибаи кору пайкор, талошу ҷонсупориҳое, ки ҳар лаҳзаи пурқимати умри худро дар доғтарину ҳассостарин рузу солҳои даҳшатбор бо тамкиниву дурандешӣ ва мардонагиву фазилат баҳри пойдор намудани Ҳукумати қонунӣ бахшидаанд, аз назик шинос гардиданд.

 

Муҳтарам Сайдамир Зуҳуров таҷлили Рӯзи Президентро ба аҳли Раёсат, ва донишҷӯёни Академия ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон шодбош гуфта, барои кишвари азизамон сулҳу субот ва оромиву сарҷамъиро орзӯ намуда, дуо намуданд, ки ҳаргиз насли имрӯзаи миллати тоҷик дигар он рӯзҳои даҳшатборро набинанд.

 

Ҳамчунин, бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ баён доштанд, пайваста таввасути васоити ахбори омма аз раванди кору фаъолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мебошанд ва таъсиси чунин як ниҳоди илмӣ-сиёсиро дар кишвар мутобиқ ба талаботи замони муосир медонанд.

 

Боиси ифтихор аст, ки генерал – полковник Сайдамир Зуҳуров ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Расми вафодорӣ”, ки шодравон Сайиданвар Камолов – генерал майор дар бораи зиндагиномаи ӯ навиштааст, туҳфа намуд.

 

Дар фарҷом декани факултети дипломатия ва сиёсат Қодирзода Далер китоби се ҷилди “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро аз номи Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба Сайдамир Зуҳуров тақдим намуда, ба генерал – полковник Сайдамир Зуҳуров итминон бахшид, ки шогирдон фидокориву садоқати эшонро ба Ватан ва Президент сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод.

 

Похожие записи