БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ

photo_2021-10-20_10-32-34

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни устодону кормандон баргузор гардида истодааст.

 

Дар мусобиқа 12 даста аз ҳисоби устодону кормандони Академия иштирок намуда, дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони мусобиқа бо “Ҷоми Академия”, Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 

Бояд гуфт, мусобиқаи мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Академия барои дарёфти “Ҷоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 30 – солагии солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститусия баргузор гардида истодааст.

Похожие записи