БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

IMG_3732

Дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар низоми геополитикии муосир: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид.

 

Семинари илмӣ-назариявии мазкур бо суханронии декани факултети дипломатия ва сиёсат номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Далер Сайфулло оғоз гардида, зимни баромад зикр гардид, ки боиси сарфарозӣ ва хушнудӣ аст, ки аз оғози соли таҳсили 2020-2021 дар факултет конференсияҳои сатҳи гуногун, семинарҳои илмӣ-назариявӣ тадриҷан доир гардида истодаанд. Баргузории чунин нишастҳои илмӣ ва васеъ намудани муҳити илмӣ барои нигоҳ доштани нуфузи факултет ҳамчун қисми таркибии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

 

Сипас, сухан ба ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, Комилбек Амид Ёрбек дода шуд. Мавсуф ба садорати факултети дипломатия ва сиёсат баҳри ташкили семинари илмӣ-назариявии мазкур изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки маҳз чунин муҳити илмӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳассилини ин даргоҳи илму маърифат таъсири бузург хоҳад бахшид. Зимнан, Комилбек А.Ё. дар мавзӯи “Тоҷикистон дар манзараи геополитикии минтақаи Осиё” маърузаи илмӣ пешниҳод намуданд.

 

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо миёни аҳли нишаст музокира баргузор гардид, ки ҳозирин вобаста ба мавзӯъҳои баррасигардида андешаҳои хешро баён намудаанд ва вобаста ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дар фарҷом декани факултети дипломатия ва сиёсат Қодирзода Д.С. ба аҳли толор барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди маърузаҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори семинар ҳусни анҷом бахшид.