БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲҲОИ УКРАИНА АЗ АИДНПҶТ

IMG_0361

Дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи “Таҳсилот дар Украина” як гурӯҳ роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва дигар шахсони масъул мулоқот анҷом доданд.

 

Зимни ташриф меҳмонон аз бинои Академия, сохторҳои он, синфхонаҳо, парки технологӣ дидан карданд.

 

Ректори Академия зимни мулоқот иброз дошт, ки Академия барои ҳамкории мутақобилан судманд бо муассисаҳои олии Украина омода аст.

 

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, 02.04.2021 Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина ба имзо расид. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ёддошти тафоҳум ба имзо расанд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 80 нафар намояндаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина иштирок доштанд.

 

Аксҳо

Похожие записи