БОНУВОН – ТАҲТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ

photo_2021-03-15_10-41-39

Таҳти ҳамин унвон 11 март бо ташаббуси Маркази бонувони фаъоли Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат доир гардид. Дар он мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академия Рухсора Давлатова, профессори кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Манзура Раупова, аъзоёни марказ, инчунин донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.

 

Рухсора Давлатова ҳадафи семинарро шарҳ дода, тазаккур дод, ки хушбахтона, занони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври доимӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Барои зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолият барои бонувон тамоми шароитҳо фароҳам буда, занон дар ҷомеаи мо дар баробари мардон ҳуқуқу озодиҳоро соҳибанд. Имкониятҳо ва шароитҳо, дастгириҳои давлатии занон дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ сабт гардида, мунтазам такмил меёбад.

 

Манзура Раупова дар мавзӯи “Бонувон – таҳти ҳимояи давлат” бо маърузаи муфассал тариқи слайдҳо баромад намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки бо шарофати сиёсати собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо бонувон озод ва комилҳуқуқ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ва қонунҳои амаликунандаи кишвар на танҳо баробарҳуқуқии занро кафолат медиҳанд, балки дар баъзе мавридҳо барои бонувон, дар масъалаи таҳсил, меҳнат, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ чанде имтиёзҳо низ муқаррар намудаанд. Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии бонувон ва фаъолгардонии нақши онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мавсуф зикр кард, ки саҳми занони тоҷик дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, дар рушди илму маориф ва фарҳанг, умуман тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар назаррас аст. Иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ намоён буда, зан чун узви комилҳуқуқи ҷомеа бояд баробари мардон баҳри иштирок кардан дар ҳаёти сиёсии мамлакат тамоми имкониятҳоро дошта бошад. Аз ҷумла, давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Имрӯзҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолияти бонувон назар ба солҳои қаблӣ бештар ба назар мерасад.

 

Дар тақвияти суханони болозикр Р.Давлатова иброз дошт, ки воқеан, бонувони тоҷик таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, аз тамоми дастгириву имкониятҳо бархӯрдоранд. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии заноне, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, “Маркази бонувони фаъол” таъсис дода шудааст, ки занону духтарони муассисаро сарҷамъ намудааст.

 

Дар идомаи семинар аз ҷониби аъзоёни Марказ вобаста ба мавзӯъ суолҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.

Аксҳо

Похожие записи