БО МОДАРИ ХЕШ МЕҲРУБОН БОШ….

Дар тӯли таьрихи беш аз хазорсола намояндагони илму адаб, таъриху фарҳанг ва олимони таҳлилгар нақши занро дар пешбурди ҷомеа солим ва идора намудани он бо таъсири зан модар хеле муҳим арзёбӣ кардаанд.

 

Бояд гуфт, ки классикони адабиёти форсу тоҷик занро поягузори  пешрафти маънавии инсон, сабабгори лабрез гаштани ҷоми илҳоми суханварон ва боиси саршории завқи баланду истеъдоди суханварӣ ҳисобидаанд. Зан ва тасвири симои бадеии ӯ на танҳо дар адабиёти форсу тоҷик, балки дар адабиёти халкҳои мухталифи ҷаҳон низ боиси тавлиди осори оламшумули ривоӣ ва ғаноӣ гардидааст.

 

Дар саргаҳи ин ҳама бузургиҳо ва ҷаҳонишавиҳо пеш аз ҳама нақши зан-модар назаррас буда, имрӯз ҳам он дар пешбурди ҷомеаи солим ва навин нақши бориз ва созандаеро дорост. Сарчашмаҳои таърихӣ ба мо занони мубориз ва қаҳрамонони худро дар мисоли Рухшона, Фарангис, Гурдофарид, Бӯрондӯхт, Рудоба, Томирис, Сурхвард, Майрамбибӣ, Сайрамбибӣ, Зайнаб, Гулизор, Ойгул Муҳаммадҷонова  ва дигарон нишон додааст, ки имрӯз ҳам корнамоии онҳоро таърих мисли занони мубориз, озодихоҳ, ватандӯст, шӯҷоъу далер ба ҷаҳониён муррифӣ кардаистодааст.

 

Пас маълум мегардад, ки модарони мо дар гузашта ва имрӯза роҳи дурусти тарбияи фарзандро дар хонаводагӣ, ки яке аз ҷузъҳои ҷомеаи солим ё носолим шинохта шудааст, идора намуда метавонанд, дар пешбурди ҷомеаи солим нақши боризе дошта бошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки зан муҳимтарин ашхосе дар ҷомеа шинохта шудааст, ки метавонад ҷомеаро бо муҳаббати модарона, шуру исёни созандааш барои насли оянда, эҳсоси ватандориаш идора намуда, роҳбари хубу созанда барои хонавода ва ҷомеа шуда метавонад. Масалан, Бӯрондӯхт духтари Шоҳ Доро, пас аз марги падар тавонист бо ҷуръати дошта, муҳаббати самимӣ сарлашкари кишвар бигардад ва лашкарро моҳирона идора менамуд, лашкариён низ ба ӯ на ҳамчун ба зан, духтари Шоҳ, балки ба сарлашкари оқилу доно, хирадманд, зираку ҳушёр, худшиносу ватанпарвар итоат менамуданд. Ин худ гувоҳ аз хуб идора карда тавонистани зан, лашкарро ва ҳамчун роҳбари оқилу дона худро муаррифи намудани Бурондӯхт, дар сарчашмаҳои таърихӣ оварда шуда, моро водор месозад, ки тавонем ба мактаби бузургу ба меросмондаи ниёгон дар ҷомеаи имрӯза руҳу равони тоза бубахшем.

Имрӯз ҳам тавоноӣ ва ҷонбахшиҳои модарон аст, ки ин миллат соҳиби Озодӣ ва Истиқлолият гардида, фарзандҳои фарзонаи он дар идоракунии давлати навини тоҷикон ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасолаашон ба масъалаи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа  даъват намуда, мақоми зан-модарро дар пешбурди ҷомеаи солим хеле муҳим меҳисобад.

 

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки имрӯзҳо ба корҳои давлатӣ – сиёсӣ занон зиёдтар ҷалб мешаванд, зеро дар раванди идора намудани хонавода ва ҷомеаи солим нақши зан – модар бориз буда, он танҳо метавонад солиму созанда бошад. Аз ин хотир, ба кор ҷалб намудани бонувон дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ низ барои ин самт хеле манфиатнок арзёбӣ шудааст. Ба ҳамин хотир, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеаро тасдиқ намуда, зимни он барномаҳои муҳими давлатӣ таҳия гардид, ки ин санадҳои муҳими самти идоракунии давлатӣ дар амал назаррас ҳалли худро ёфтаистодаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад.

 

Пешвои муаззами миллат мефармоянд, ки «…нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, ворисони он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд… Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ бошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад».

 

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Низомии Ганҷавӣ, шоири тоҷики Озарбойҷони имрӯза  такя намуда даъват менамоям, ки

 

Бо модари хеш меҳрубон бош,

Омодаи хизматаш ба ҷон бош,

Бо чашми адаб нигар падарро,

Аз гуфтаи ӯ мапеч сарро.

 

Шоҳписанд УМАРАЛИЗОДА,

магистранти Академия

 

Похожие записи