ВАТАНРО СОФДИЛОНА ДӮСТ ДОРЕМ ВА САМИМОНА САДОҚАТ ВАРЗЕМ

IMG_7288 (2)

Нигоҳ дошани сулҳу субот ва ваҳдати комил дар шароити муосир кору осон нест. Ҳазорон хатару фитна имрӯзҳо зиндагии осудаи мардумро таҳдид мекунанд. Ҳар лаҳза эҳтимолияти сар задани як хатар вуҷуд дорад. Барзами ин, кам нестанд гурӯҳҳои бадхоҳу бадбин, ки ба оромию пешрафт ва ҳаёти хушҳолонаи мо ҳасад мебаранду кӯшиши аз байн бурдани онро мекунанд.

 

Ҳодисаҳои Бадахшон далели гуфтаҳои болост. Мо нек медонем, ки мардуми Бадахшон, ин диёри фарзонафарзандони миллати тоҷик аз азал дар масири сулҳу оромӣ ва пешрафту ободии меҳан кӯшишҳо намуданд, ҳеҷ вақт хоҳони таназзулу ақибмондагӣ ва нотенҷию нооромӣ нестанд. Вале чуноне қайд кардем, бадбахтона, имрӯзҳо душманони миллати мо бо ҳар роҳу восита нуқтаи заифи баъзе шаҳрвандони ноогоҳро ёфта, онҳоро фиреб мекунанд ва тариқи онҳо ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Ҳамин буд, ки чанде аз сокинони Бадахшон фирефтаи хоинони миллат шуда, даст ба амалҳои террористӣ заданд.

 

Мо бояд хуб дарк намоем, ки террористону ифротгароён ва пайравони онҳо душманони миллат буда, ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардум нест. Онҳо зери шиорҳои бофтаю хаёлӣ ба амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват мекунанд. Мутаассифона, дар ҳодисаҳои Бадахшон низ қурбонии асосӣ, фиребхӯрдагон маҳз ҷавонон буданд. Ҷавононе, ки ояндаи босаодати давлат ба онҳо бовар кунонида шуда буд.

 

Новобаста аз синну сол, касбу кор ва сатҳи зиндагӣ ҳар шаҳрванди кишварро лозим аст, ки дар несту нобуд кардани терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Чун, маҳз оромӣ ва ваҳдати сартосарист, ки мо бетарсу ҳарос ва бо дили осуда паи ризқу рӯзиамон ҳастем. Фақте филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна”ба ҷомеаи кишвар тариқи расонаҳо намоиш дода шуд, ҳамагӣ бори дигар ин нуқтаро дарк карданд, ки воқеан бадхоҳони миллат ҳадафе ҷуз ноором кардан, паст бурдани нуфуз, халадор сохтани сохти давлатдорӣ ва ба ин востаи сарсону саргардон кардани миллати тоҷикро надоранд.

 

Аз ин рӯ, бори дигар ба ҳама ҷавонон ва фарзандони баору номуси миллат муроҷиат карда гуфтаниам, ки бо дарки масъулияти баланд истиқлол ва сулҳу суботро, на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва меҳру садоқати самимӣ ҳифзу гиромӣ доранд. Дар пешрафти ҳама соҳаҳо кӯшиш кунанд ва барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолу таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон аз ин ҳам дурахшону гулфишон ва зебову дилкаш хоҳад шуд. Пас, ҳама бо ҳам, кӯшиш кунем, ки дар радифи дигарон дар ин пешрафту гулгулшукуфоӣ саҳми худро гузорем.

Бегазанд бод, сулҳи Ватан!

Ҷовидон бод, ваҳдати сартосарӣ!

 

Дилором САЙДАҲМАДЗОДА,

директори Маркази омӯзиши

Мактаби давлатдории

Эмомалӣ Раҳмони Академия,

номзади илмҳои педагогӣ,

Похожие записи