ВАТАН – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

IMG_0568

Дар ҳаёти ҳар як инсон неъматҳо ва арзишҳои олие вуҷуд доранд, ки қимати онҳоро ба сарвату ганҷи дунё баробар карда намешавад. Ҳамаи он чизе ки мо нисбати он меҳр дорем, новобоста аз чӣ ё кӣ будани он неъмати мост. Ҳамаи мо тайёрем, ки барои ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо на танҳо сипар бошем, балки агар лозим шуда монад, тайёрем, ки ҷони худро низ дареғ надошта бошем. Аз ҳама қиматноктарин неъматҳое, ки мо дорем, ин Ватан ва модар мебошанд. Модар моро вақти зиёд дар батн нигоҳ дошта, баъдан дар оғӯши худ бо меҳру муҳаббати бузург ва садоқат ба воя мерасонад. Ватан низ мисоли модари меҳрубон моро тӯли ҳаёт дар оғӯши муҳаббати худ бузург менамояду ба камол мерасонад ва тарбия мекунад. Бо сарватҳои худ шод мегардонаду бо муҳаббаташ навозиш мекунад. Яъне неъмати арзишмандтарини ҳаёти ҳар яки мо – Ватан аст.

 

Ҳуввияти миллӣ маҳз аз ватандорӣ ва ватандӯстӣ тарбия маншаъ мегирад. Тоҷикистони мо дар муддати начандон тулонӣ пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ имрӯз аллакай ба як кишвари муҳимми минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Имрӯз ҷаҳон ба сухану пешниҳодоти тоҷикон ва Пешвои маҳбуби ин кишвар қоил шудаанду дарси таҷрибаи эшонро меомӯзанд.

Муваффақиятҳои кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало маълум буда, бозгӯи воқеии шароити кунунии Тоҷикистон мебошад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтар гашта, дар муддати начандон тӯлонӣ сатҳи иқтисодиёти кишвар чандин маротиба боло рафт ва ин пешрафтҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Тӯли 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар ҳазорҳо бинои нави истиқомативу маишӣ ва хизматӣ боз гардид. Ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мактабу бунгоҳҳои нав, толорҳои фарҳангӣ ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ҳамаи ин кӯшишу ғайрат ва дастгириҳои роҳбарияти кишвар ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мамлакат ва афзудани иқтидори аҳолии кишвар нигаронида шудааст. Аммо афсӯс, ки то ҳол ашхосе пайдо мегарданд, ки аз пешрафту тараққии Ватан норозӣ ҳастанду ҳар муваффақияти нави он дар вуҷуди эшон алангаи оташи ҳасадро баландтар мебардорад.

Имрӯзҳо афроду гуруҳҳое пайдо шудаанд, ки новобаста аз он ки дар ин Ватани биҳиштосо зиндагӣ карданду аз неъматҳои он ҳамарӯза истифода менамуданд, боз ба сӯи ин кишвари биҳиштосо санги тӯҳмату буҳтон мерезанд. Онҳо гӯё бо амалҳои худ нишон медиҳанд, ки аҳолии Тоҷикистони мо то ҳол ба шароити замони муосир ҷавобгӯ нагаштаанду шамол ба кадом сӯе, ки вазад ба ҳамон тараф рафтан мегиранд. Вале ин умуман ба ҳақиқати ҳол ҷавобгӯ набуда, ғайр аз дурӯғи маҳз чизе нест.

Шахсоне, ки ба ин роҳҳо номи Ватани худро доғдор мекунанд, гумроҳ ҳастанд. Онҳо фикр намекунанд, ки ватандориро бузургон гӯшае аз имон хондаанд ва ватандӯстиву ватандорӣ номуси миллии мо, тоҷикон мебошад. Барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои милливу фарҳангии ин миллат ҳазорон ҷавонону родмардони шуҷоъ ҷони худро фидор намудаанду аз барояш ҳазорон занон бе шавҳару кӯдакон бе падар мондаанд. Аммо ин гуруҳҳои тундрав ба ягон арзише қоил намешаванду қимати ягон неъматро намедонанд. Аз паси экранҳое, ки бо маблағи хоҷагони хориҷии худ ба даст овардаанд, афсонагӯиву дасисабозӣ мекунанд ва гумон доранд, ки бо ду ҳарфи пучи худ ҷавонони тоҷикро гумроҳ мекунанд. Дарси таърихии ҳодисаҳои тирамоҳи соли 2015 ва табаддулоти бенатиҷаи ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ ба ин гуруҳҳо ва афроди алоҳидае, ки номуси ватандории худро ба ивази маблағи ночизе фурӯхтаанд, сабақе наомӯхт.

Ҳисси миллии мо, тоҷиконро ягон нафар паст намуда ва меҳри Ватани маҳбубро дар дили мо кам гардонида наметавонад. Зеро мо ворисони чунин ашхоси бузурги таърихӣ, монанди Исмоили Сомонӣ, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва амсоли онҳо бузургони дигар мебошем. Дар дили мо танҳо хотираи чунин ашхоси бузург ҷовидон зинда хоҳад монд, на номи онҳое, ки ба ватани зебои мо хиёнат кардаанд ё мекунанд. Шояд номи онҳоро ягон вақт ёд кунем. Лекин маълум аст, ки ҳеҷ гоҳ номи ин гуна нафарон ба некӣ ёд карда намешавад. Онҳо хиёнаткоранд ва хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Гулнозаи БУЛБУЛ,

мутахассиси шуъбаи таҳрир ва таъбу нашри Академия

 

Похожие записи