ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШОҲДАРАХТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

сафарова

Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ медиҳанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар овардааст, ки мо, тоҷикон, бо он фахр мекунем.

 

Ваҳдати миллӣ омили шукуфоии Ватан аст, давлате, ки дар он сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, гул-гул мешукуфад, сатҳи иқтисодиёташ боло меравад, тадриҷан аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд меёбад.

 

Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳои илоҳӣ ва самараи пурбори шоҳдарахти Пешвои миллат аст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат аз ваҳдат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост. Пешвои миллат дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти ӯ қарор дошт.

 

Аз хотираҳо дур намешавад, ки баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо  гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоннишинӣ рӯй дод, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриӣ зарари калон овард. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки Ватан намуда, ҳазорҳо нафар ҳамватанон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Бисёр ҳамватанони мо бехонаву дар ва ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монда, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда, бисёр кишварҳо гуреза шуданд. Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор кард: “То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунам”.

 

Аз оғози дар арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадам гузоштан, то ба имрӯз мо аз забони ин марди дилогоҳу дурандеш ва нобиғаи даврон ҳамеша ҳарфҳои некро аз қабили “Наҷоти миллат дар ваҳдату ягонагӣ аст”,  мешунавем. Дар ҳақиқат, таърих гувоҳ аст, ки ин суханон амалӣ шуданд.

 

Барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, ба он ҷо рафт ва ҳамватанонамонро бовар кунонд, ки ба Ватан баргарданд, Ватан обод гардида истодааст ва шахсан кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро медод. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро ҳатто тасаввур ҳам намекард. Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуданд ва дар охир 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имзо гардид. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ва эҳёи ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии ӯ боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин гардид. Идеяи ваҳдати миллӣ ва сулҳофарии халқи тоҷик таърихи қадим дошта, аз давраҳои қадим дар афкори ниёгони мо ҷой дошт . Илова бар он, асарҳои адибони классик ва муосири мо, афкори тарбиявӣ ва арзишҳои диниамон ҳамеша моро дар рӯҳияи сулҳоварию ваҳдат ва ҳамраъйӣ дар ҷомеа ҳидоят менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳамин масъулият тарафҳои даргирро ҳангоми суханрониҳояш даъват бар он мекард, ки яроқро ба замин гузоранд ва ба сулҳу ваҳдат биоянд: “Моро бо Шумо Ватани ягона ва модари ягона аст. Биёед, хусумат ва кудуратҳоро як тараф гузорем. Бародарвор дасти якдигарро бигирем ва ба кори созандагӣ пардозем. Танҳо дар ягонагӣ мо метавонем Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат ва парокандагӣ нигоҳ дорем ва онро ба давлати тараққикардаи воқеан соҳибистиқлол табдил диҳем”. Дар он рӯзҳо давлати ҷавони мо ба вартаи харобӣ ва ҳалокат наздик мегардид, ки ин дар маҷмӯъ фоҷиаи миллатро мемонд. Дар афкори ҷамъиятӣ зиддиятҳои зиёди андешавию динӣ ва қавмию минтақавӣ оқибат ҷомеаро ба ду тарафи ба ҳам муқобил оварда расонид. Халқи тоҷик, ки дар гузашта меросдори фарҳангии қадим ва бою рангин буд, баъди ин воқеаҳои нангини миллат қариб, ки ҳастии худро аз даст медод.

 

Дар баробари ин, болоравии омилҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти давлат ва ҷомеаи тоҷик таъсири ногувори худро мегузошт. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳои барои миллати тоҷик ҳассоси муқовимат ва буҳрони сиёсӣ дар афкори фарҳанги сулҳоварӣ бо ҳидоят ва кӯшишҳои сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳисси эҳтиром ба арзишҳо ва идеяи миллӣ боло мегирад, ки тавонист дар марҳалаи кӯтоҳи таърих тарафҳои муқобилро ба ҳам оварад ва ҳамзамон халқи тоҷикро баҳри арҷгузорӣ ба мерос ва фарҳанг, асолати миллӣ ва таърихи гузашта ҳидоят намояд ва дар маҷмуъ барои ба ҳам омадан ва роҳи сулҳу оштӣ мусоидат кунад.

 

Гуфтан мумкин аст, ки асрори ҷавонмардии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пеш аз ҳама дар андешаи бахшандагии ӯ зуҳур ёфт ва дар кишвар сулҳу ваҳдати воқеӣ тантана намуд. Таҷрибаи бою рангини сулҳи тоҷикон дар институтҳои сиёсии ҷаҳон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва аз ҷониби шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон чун падидаи беҳтарини мусолиҳаи миллӣ дар олам эътироф гардид. Пешвои миллат, пеш аз ҳама, кӯшиш ба харҷ дод, ки истиқлолияти миллии тоҷиконро устувор, амнияту оромии кишварро барқарор, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар ва ваҳдати миллию фарҳангии саросари мамлакатамонро таъмин намояд. Зеро ҳалли ин масъалаҳои аввалиндараҷа хатари аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷиконро аз байн мебардошт.

 

Бояд гуфт, ки дар ин марҳилаи сарнавиштсоз зарурати ҳарчи бештари ташаккули тафаккури нав, бедор намудани ҳисси худшиносиву худафрӯзӣ, қавӣ гардонидани шуури миллӣ ва ҳувияти милливу ифтихор аз Ватану ватандориро дар зоҳиру ботини ҳар шаҳрванд, ба вижа, дар миёни ҷавонон ба амал оварад. Имрӯз низ моро зарур аст, ки ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, фазои ороми сиёсии кишварамонро бештару беҳтар нигоҳ дорем ва баҳри дӯстиву ягонагӣ ва ризояти ҷомеа кӯшишҳои боз ҳам қавитаре ба харҷ диҳем. Бори ин масъулият бештар ба дӯши ҷавонон вогузор гардидааст. Пас нерӯи ҷавононро, чунонки  Пешвои миллат пайваста таъкид менамояд, баҳри созандагиву ободкорӣ равона намоем. Аз ин рӯ, дар назди мо – устодон, зиёиён, кормандони соҳаи маориф масъулияти ниҳоят муҳим қарор дорад. Зеро инкишофи ҳамаҷониба, тарбияи маънавӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон бевосита аз салиқа ва дониши сиёсиву ҷаҳонбинии мо – устодон вобаста аст.

 

Ваҳдати миллист, ки имрӯз миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир дар қатори даҳҳо миллатҳои дигар дар ҷаҳон мақому мартаба  дорад. Мо танҳо ва танҳо бо роҳи ваҳдат, иттиҳоди тоҷикона, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор, ягонагии мардумро устувор ва якпорчагии марзи меҳани ачдоди худро ҳифз карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Таманнои онро дорем, ки ин шоҳдарахти сарсабзу пурсамари ваҳдати миллии тоҷикон ҳамешасабз бимонад.

 

Рухшона САФАРОВА,

муаллимаи калони кафедраи

 забонҳои хориҷии  Академия

Похожие записи