Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар таҳсилоти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЛРТО) аз ҷониби Шӯрои роҳбарони Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) 30 июни соли 2015 тасдиқ карда шуд. ЛРТО аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 6 сол (аз 1 марти 2016 то 31 октябри соли 2021) амалӣ карда мешавад. Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, дар доираи он Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни грантӣ ширкат намуда, бо назардошти пешниҳодҳои худ ҷиҳати баланд бардоштани нишондодҳои таълим, татбиқ ва мутобиқсозии раванди таълим ба стандартҳои ҷаҳонӣ, инчунин иртибот ва мутобиқгардонии маориф ба бозори меҳнат ғолиби озмун гардида, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дуҷониба бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ аз сентябри соли 2019 ба имзо расонид.
Раёсати Донишкада бо ҷалби кормандони забондону пуртаҷриба гурӯҳи татбиқи лоиҳаро бо фармони Ректор таъсис дода, муҳлати пурраи татбиқи лоиҳа ва фаъолияти гурӯҳи мазкур 2 солро дар бар мегирад. Дар ин муддат нақшаи татбиқи лоиҳа, ки аз хариди таҷҳизоти техникӣ ва компютерӣ, омода ва баргузории тренинг-семинарҳо, ташкили ихтисосҳои нав ва сафари устодону кормандони Донишкада ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ҷиҳати шиносоӣ ба низоми таълими навин иборат мебошад, бояд самаранок ва бо харҷи маблағи камтарин амалӣ карда шавад.
Натиҷаҳои ниҳоии татбиқи лоиҳаи мазкур ба таъмини миқдори кофии техника ва технологияи муосири таълим, таҳия ва бароҳандозии китобхонаи электронии онлайн, таъсиси низоми идоракунии раванди таълим барои кормандон ва донишҷӯён, ба монанди Moodle, ки айни замон дар тамоми ҷаҳон дар самти таълим на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ карда шудааст, инчунин баланд бардоштани иқтидори зеҳнии омӯзгорону кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, такмили модулҳои дарсӣ ва таъсиси ихтисосҳои нав равона карда шудаанд.
Натиҷаи басо назаррас ва беш аз ҳама муҳим он мешавад, ки хизматчиёни давлатии низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳони муосир бо дараҷаҳои зарурии мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба хизматрасонии худ шурӯъ намуда, сифати хизматрасониҳо ба мардум бамаротиб боло хоҳад рафт.
Инчунин ҳангоми ба итмом расидани лоиҳаи мазкур гурӯҳҳои осебпазир, ба монанди ашхоси имконияташон маҳдуд ва духтарону бонувони минтақаҳои дурдасти кишвар ба минтақаҳои зисти худ баргашта, дар раванди кор дониши тавассути моделҳои инноватсионии дар Донишкада гирифтаи худро мавриди истифода қарор дода, минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сифати хизматрасонӣ дар дигар соҳаҳо мутобиқ ба пешрафти технологияи муосир таҷдид карда шавад.
Инчунин дар натиҷаи татбиқи дурусти лоиҳа омӯзиши модулҳои дарсӣ ва дастрасии китобҳои дарсӣ осон шуда, донишҷӯён метавонанд бемамоният тавассути пайвастшавӣ бо интернет тавассути таҷҳизоти техникии худ дар ҳар вақт ва ҷойи ба онҳо мувофиқ маводи таълимии худро аз китобхонаи онлайни Донишкада дарёфт карда, дониши худро сайқал диҳанд.
Ба истифода додани китобхонаи онлайн омӯхтани касбу ихтисосҳоро осон намуда, малакаву иқтидори илмии донишҷуёну устодон ва коркарду омода намудани корҳои илмии ҳайати омӯзгоронро таҳким мебахшад.
Баъд аз итмоми раванди дигитализатсия раванди таълим донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ имконият пайдо мекунанд, ки вориди кабинети виртуалии инфиродии худ тавассути барномаи “MOODLE” шуда, аз он ҷо бемамониат бо адабиётҳои таълимӣ, лексияҳо, модулҳои таълимии курсҳои таълимӣ шинос шаванд ва корҳои илмии анҷомдодаи худро вобаста ба курси мазкур ба устоди дахлдор равон кунанд.
Амалишавии пурраи лоиҳаи мазкур инчунин ба пастшавии сатҳи амалҳои коррупсионӣ мусоидат намуда, ба шаффофияти раванди таълим таъсири мусбат хоҳад расонид. Таъсирнокии натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳа фарогири тамоми ҳайати Донишкада хоҳад буд, аз ҷумла бакалаврҳо, магистрҳо, хизматчиёни давлатие, ки курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркуниии касбиро мегузаранд, гурӯҳҳои осебпазир ва ҳайати омӯзгорон. Яъне, баъзе аз натиҷаҳои лоиҳа, ба монанди принтери “Брайел”, фарогири на танҳо гурӯҳҳои осебпазири Донишкада буда, қонеъкунандаи талаботи шахсони нобинои берун аз Донишкадаро низ фаро мегирад.