ВОЛОҲУҶҶАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

конститутсия

Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисозӣ, сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

Эмомали Раҳмон

 

Ҳар давлати соҳибистиқлоле, ки имрӯзҳо арзи вуҷуд карда истодааст, дорои Конститутсияи худ мебошад. Ин санад вақте ба миён меояд, ки таҳаввулоти ҷиддие дар ин ё он давлат ба амал мепайвандад. Мешавад ҳолатҳое, ки дар даврони ҷанг зарурати қабули чунин санадро қобили қабул медонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони ҷанги шаҳрванди ба вуқуъ омад ва дар муддати кӯтоҳтарин мақому манзалати худро касб намуда, самти фаъолияташ дар тамоми сохторҳои ҷомеа равона гардид.

 

Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани дараҷаи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва давом додани ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Акнун фаъолияти давлатдорӣ, низому тартиби ҳаёти ҷамъият дар доираи Конститутсия сурат мегирифт. Қабули Конститутсияи навин низоми кӯҳнаи давлатдории шӯравиро аз байн бурда, барои эъмори ҷомеаи демократӣ пояҳои мустаҳкам гузошт. Ҷолибияти ин санади муҳимму саривақтӣ дар он буд, ки он дар фазои озоди демократӣ ба вуқўъ пайваст, ки шабеҳи онро таърихи гузаштаи тоҷикон дарёд надорад. Яъне Конститутсияро ба таври ошкоро ва дар ҷаласаҳои он ба таври васеъ ва дақиқ баррасӣ шудани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод гаштани лоиҳаи он ва ниҳоят, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он буд, ки ин гуна шароитҳоро дар дигар марҳилаҳои қабули Конститутсияҳои дигаре, ки қабул шуда буданд, дидан мумкин набуд.

 

Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз  барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон дарҷ гаштааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дастгирӣ ва онро дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар амал татбиқ менамояд. Дар баробари ин мо дар Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки ин санади арзишманд Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дошта, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иҷтисодӣ мегузорад.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва инкишофи муносибатҳои сифатан нави иқтисодӣ, яъне муносибатҳои бозорӣ ва моликияти хусусӣ, дар мамлакат асос гузошт. Бояд гуфт, ки Конститутсияи ҳоло амалкунанда хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии даватдорӣ  ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши муносиб гузошта, дастовардҳои арзишманди миллиро пуштибонӣ кард. Рӯҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия, истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат медиҳад. Конститутсия барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

 

Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд. Бо қабули санади мазкур нуфузи давлати нави ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бештар гардид.

 

Ҳамин тавр, мо насли ҷавон орзуи онро дорем, ки бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садсолаҳои дигар роҳнамои халқи мо бошаду моро ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта ва мутамаддин раҳнамо гардад, то ки давлати мо дар қатори дигар давлатҳои тараққикардаи дунё мақому мартабаи арзандаи худро ҳамеша нигоҳ дорад.

 

 

Шавкат ОСТОНАЕВ,

сармутахасиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи