ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОНИ АКАДЕМИЯ

IMG_0549

17 феврали соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёну магистрантон баргузор гардид.

 

Дар баргузории он ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода Зулфия Кабир, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ подполковник Афзалзода Рустам, сардори шуъбаи тафтишотии ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳусайнов Алишер Пириевич, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Қувватзода Сайдулло Зувайд иштирок намуданд.

 

Нахуст вохӯриро Аҳмадзода Зулфия Кабир ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла, дар такя ба суханони Президети кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки: “Ба саодати наслҳои имрӯзу оянда мо соҳиби давлати миллие мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост. Маҳз дар ин давра мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки ба воситаи андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи ифодакунандаи фикру ақидаи аксарияти сокинони кишвар пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам карда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нақшаҳои созандаву бузургро тарҳрезӣ намоем, мушкилоти зиндагии имрӯзаро ҳал кунем, шабу рӯз заҳмат кашида, Ватанамонро обод гардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем”.

 

Дар партави ин суханони Сарвари давлат ноиби ректор афзуд, ки воқеан, дар натиҷаи сиёсати оқилонаю ҷавонпарварони Пешвои миллат имрӯз барои ҷавонони кишвар имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Истифодаи пурсамар аз ин имкониятҳо аз ҷавонон донишомӯзӣ, ҷаҳди бештар, зиракии сиёсӣ ва фаъолнокиро тақозо менамояд. Ҷавононро мебояд дар баробари ин, аз равандҳои ҷаҳони муосир бехабар намонда, дар решакан намудани зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Сипас, сардори шуъбаи тафтишотии ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Алишер Ҳусайнов дар суханрониаш доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, оқибатҳои амалҳои нангини террористон дар кишварҳои хориҷ ёдовар шуда, иштирокдоронро ба ҳушёрию зиракӣ даъват кард.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин сардори шуъбаи тафтишотии ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳусайнов Алишер Пириевич ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Қувватзода Сайдулло Зувайд низ суханроӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар андешаронӣ карданд.

 

Дар фарҷом донишҷӯёну магистрантон ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Похожие записи