ВОХӮРИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ БО НАМОЯНДАГОНИ ШӮРОҲОИ АМЕРИКОИИ МАОРИФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

IMG_1693

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо Ҷейс Ливингстон – директори иҷроияи Шӯроҳои Америкоии маорифи байналмилалӣ ва Матлуба Мамаҷонова – директори маҳалии Шӯроҳои Америкоии маорифи байналмилалӣ баргузор гардид.

 

Зимни вохӯрӣ ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. суханро оғоз намуда, сараввал меҳмононро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуд.

 

Дар нишасти якҷоя ҷонибҳо аз оғоз ва густариши ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуданд. Ҳамзамон арз доштанд, ки дар раванди ҳамкориҳои зичи тарафайн, Академия бо муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА тавассути UniCEN ҳамшарикӣ пайдо хоҳад намуд. Дар заминаи ҳамшарикӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тарафайн имкониятҳои васеъро дар самти такмили донишҳои илмӣ ва касбӣ, таҳияи барномаҳои таълимии муштарак, роҳандозии корҳои муфиди илмӣ-тадқиқотӣ, табодули омӯзгорон, коршиносон ва донишҷӯён фароҳам меоварад.

 

Дар баробари ин, Академия имконият пайдо мекунад, ки фаъолияти таълимии худро дар сатҳи байналмилалӣ густариш дода, нақшаи таълимиро бо дастрасии имкониятҳо барои таҳсил ва кор дар хориҷа, доираи фаррохи барномаҳои таҳсил бо назардошти ҷанбаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ба даст биёрад.

 

Дар интиҳои вохӯрӣ меҳмонон аз бинои Академия, аз ҷумла, маркази “Дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон”, толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи илмӣ-бадеӣ, парки технологии Академия боздид намуда, чун анъана дар китоби қайди меҳмонони фахрӣ таманиёти худро сабт намуданд.

 

Ҳамзамон директори иҷроияи Шӯроҳои Америкоии маорифи байналмилалӣ Ҷейс Ливингстон барои қабули самимона ба Академия миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки дар оянда ҳамкориҳои судманду тарафайнро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Шӯроҳои Америкоии маорифи байналмилалӣ ташкилотест, ки дар самти мубодилаи таълимӣ, касбӣ, фарҳангӣ, забономӯзӣ, рушди таҳсилот ва таҳқиқот фаъолият мекунад.

 

Шӯрои мазкур тавассути UniCEN, шабакаи беш аз 100 донишгоҳҳои Осиёи Марказиро бунёд намудааст, ки дар заминаи он муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкон доранд дониши худро роҷеъ ба таҷрибаҳои таҳсилоти олии ИМА баланд бардоранд, нақшаҳои амали шарикӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА ва ҳамкорӣ дар самти илм ва маорифро ба роҳ монанд.

 

UniCEN платформаест, ки тақвияти ҳамкории устувор байни муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА ва Осиёи Марказиро роҳандозӣ намуда, донишҳои касбӣ ва малакаҳоро дар соҳаҳои банақшагирии стратегӣ, маъмурият, сиёсат ва амалияи факултет, табодули донишҷӯён, таҳияи барномаи таълимӣ ва муносибатҳои хатмкунандагонро барои рушди шарикии мутақобилан судманд фароҳам меорад.

 

Аксҳо

Похожие записи