ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АКАДЕМИЯ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

IMG-20230216-WA0014

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси худогоҳию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуротҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва радикализм, гуруҳи таблиғотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.

 

Дар доираи ин сафар вохӯрии аввалини гуруҳи таблиғотӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон ва ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Исматов Сомон Сулаймонович, бо сокинони ноҳияи Дарвоз, бо шумули кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони ноҳия сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. иброз намуд, ки мақсад аз ин вохӯрӣ як бори дигар расонидани таъкидҳо ва дар амал татбиқ намудани роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳиси худогоҳию худшиносии тамоми сокинони кишвар махсус таъкид намуда, иброз доштанд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Моро зарур аст, ки дар партави ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ватандӯсту ватанпараст бошем ва барои рушди минбаъдаи давлатамон эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллиро дар худ тақвият бахшем.

Ҳамзамон, нуқтае, ки Сарвари давлат дар Паёми худ аз он нигаронӣ намуданд, ин густариши хатарҳои байналмилалӣ, ба монанди терроризм, экстремизм ва радикализм мебошад. Пешвои миллат дар Паёми хуб қайд намуданд, ки: “Имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо, мардуми шарафманди ноҳияи зебоманзари Дарвоз вазифадорем, ки сиёсати башардӯстона ва сулҳгароёнаи Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ созем ва дар решакан намудани омилҳои хатарзо саъю кӯшиши бештар намоем. Фаромӯш насозем, ки маҳз иттиҳоду сарҷамъӣ, неруи якҷоя ва ғуруру ифтихори миллиамон дар рушду пешрафт ва сулҳу оромии Ватани азизамон – Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Баъд аз суханронҳо аз ҷониби ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз се ҷилд китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” тақдим гардид. Зимни тақдими асари мазкур ректори Академия иброз дошт, ки китоби мазкур хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда мерасонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул медиҳад. Инчунин, китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад.

Сафари таблиғотии гуруҳи корӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси худогоҳию худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуротҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва радикализм, ба дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.

Похожие записи