“ГУРӮҲИ 24” ВА РОБИТАИ ОН БО МАСОНҲО

IMG_3345

Ҳақиқат дар паси он чизҳоест, ки мо мебинем. Карим Назриев

 

Демократия режими сиёсиест, ки эътирофи умумро касб карда, ҳамчун режими бартаридошта унвон дорад. Демократия барои тамоми гурӯҳҳое, ки барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мубориза мебаранд, шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Вале, мубориза бояд дар чаҳорчӯбаи қонун сурат гирифта, характери осоиштаро касб кунад. Яке аз унсурҳои меҳварии ҷомеаи демократиро оппозитсияи сиёсӣ ташкил медиҳад. Дар режими демократӣ оппозитсияи сиёсӣ муҳаррики рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барномаҳои сиёсии оппозитсияи сиёсӣ бояд ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷомеа мувоффиқат намояд. Демократия фазои сиёсиеро шакл додааст, ки ҳар ҳизб ва ҳар гурӯҳе барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ худро ҳамчун оппозитсияи сиёсӣ муаррифӣ намуда, дар саҳнаи сиёсат роҳи муборизаи сиёсиро пеш мегирад. Аммо ташкили ҳизб ва ё гурӯҳе маънои онро надорад, ки бе мақсад ва ё бе барномаи сиёсие вориди муборизаҳои сиёсӣ гардад. Дуруст аст, ки оппозитсияи сиёсӣ мақсад, ҳадаф ва барномаи худро дорад, вале ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар салоҳияти ҳеҷ ҳизбу гурӯҳе нест.

 

Дар ин мақола атрофи гурӯҳе ҳарф мезанем, ки худро ҳаракати сиёсӣ унвон дода, даъвои оппозитсияи сиёсӣ буданро пеш овардааст Аз диди ихтисосӣ ин гурӯҳро, ки “Гурӯҳи 24” ном гирифтааст, на метавон сиёсӣ унвон кард ва на оппозитсионӣ. Чунки “Гурӯҳи 24” ба статуси оппозитсияи сиёсӣ ҷавобгӯ нест. Ҳадафи мо атрофи барнома ва баромадҳову шиорпардозиҳои ин гурӯҳ сухан гуфтан нест. Инҷо мақсад, ҳадаф, ташкил, таъсис ва робитаи ин гурӯҳ бо гурӯҳҳои махфии сиёсӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таҳқиқоте, ки дар робита бо ташкили “Гурӯҳи 24” анҷом додаем, бори аввал аст, ки дар дохил ва дар хориҷи кишвар мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Ин таҳқиқот дар бозкушоии муаммои сиёсии “Гурӯҳи 24” нақши амалӣ хоҳад дошт. Натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда исботи он аст, ки “Гурӯҳи 24” як гурӯҳи масонӣ-сатанӣ (шайтонӣ) мебошад. Нишони ин гурӯҳ ифодагари он аст, ки миёни масонҳо ва “Гурӯҳи 24” робитаи қави вуҷуд дорад. Масонҳо (меъморони озод) гурӯҳи махфие мебошанд, ки дунёро зери назар доранд. Тамоми равандҳои сиёсии ҷаҳониро масонҳо шакл медиҳанд. Масонҳо дар тамоми фаъолияташон аз рамзҳо ва ададҳои барояшон муқаддас кор мегиранд. Масонҳо гурӯҳи сиррӣ буда, зиёда аз наваду ҳашт дар сади башар аз фаъолият ва амалҳои ин гурӯҳи махфӣ огаҳӣ надоранд. Рамзҳо ва ададҳои муқаддаси ин гурӯҳ иборатанд аз пирамида (аҳром), чашми ҷаҳонбин, гунё ва паргор, ситораи Довуд (а), мор, дарахти ҷовидонӣ, ҷуғз (бум) ва ададҳои 9, 11, 13 ва 33. Дар нишони “Гурӯҳи 24” тамоми рамзҳои масонҳо инъикос гардидааст ва ин ифодакунандаи он аст, ки миёни “Гурӯҳи 24” ва масонҳо ҳамбастагие вуҷуд дорад. Эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки шояд “Гурӯҳи 24” аз ҷониби масонҳо таъсис ёфта бошад. Ин муаммои сиёсиест, ки дар ифшояш ба замон ниёз дорем.

 

Дар нишони “Гурӯҳи 24” уқобе, ки самти рост менигарад тасвир шудааст. Дар рӯи болҳои уқоб ду аломате, ки шакли пирамидаро доранд тасвир ёфтааст, ки агар онҳоро зеру рӯ қарор диҳем ситораи шашпаре, ки дар парчами Изроил дида мешавад, ҳосил мегардад. Дар миёни ин ду аломат нишони хохомҳо (пешвоҳо)-и дини яҳудӣ инъикос гардидааст. Ҳамчунин, дар паҳлӯи нишони хохомҳои яҳудӣ адади 24 ҷойгир шудааст. Аз ду самти ин аломатҳои зикршуда ду шохаи пурбаргеро мебинем, ки ҳар кадом аз 13 барг иборатанд. Ин суханҳо барои аксарият шояд муаммо бошанд, вале ин ҷо ин муамморо бо далелҳои раднашавандае бозкушоӣ хоҳем намуд.

 

Уқобе, ки самти рост менигарад танҳо як чашми он тасвир ёфтааст ва он ҳам бошад чашми чапи уқоб аст. Яъне, чашми ҷаҳонбине, ки дар боло қайд намудем, ин чашми Антихрист ё худ ҳамон Даҷҷол аст, ки барои масонҳо арзиши муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро масонҳо Даҷҷолро ба сифати худои хеш қабул доранд. Чашми ҷаҳонбин дар пули миллии Амрико, яъне доллар дар рӯи ҳарам ҷой дода шудааст, ки онро дар расми ҷойдода ба хубӣ мебинем. Уқоб низ дар нишони давлатии ИМА ба ҳамин тарз тасвир ёфтааст. Аломатҳои секунҷае, ки дар шакли пирамида тасвир ёфтааст, гунё ва паргор ё “Ситораи ҳазрати Довуд (а)” мебошад, ки онро “ситораи шашпар” низ мегӯянд. Аз он ҷо, ки масонҳо “меъморони озод” дониста мешаванд, гунё ва паргор ҳамчун асбобҳое, ки дар сохтмони биноҳо бештар корбурд мешаванд, арзиши муқаддаси онҳо маҳсуб мешавад. “Ситораи Довуд (а)” дар парчами Изроил ҷогузорӣ шудааст, ки ин ситораро “Гурӯҳи 24” дар нишонашон ба сифати рамз тасвир намудаанд. Расмҳои дар боло овардашуда далели возеҳи ин гуфтаҳост. Тасвири дигаре, ки диққатро ҷалб месозад нишони пешвоҳои дини яҳудӣ мебошад. Дар филми Юсуф (а), ин нишон дар дасти коҳинони маъбади Омун ба хубӣ мушоҳида мешавад. Адади 24, ки гурӯҳ бо ин ном машҳур аст, моро ба фикр кардан водор месозад. Чаро маҳз “Гурӯҳи 24”? Чаро гурӯҳи 23 ва ё гурӯҳи 25-у 34 не!? Ҷавоби суол ин аст, агар ду адади муқаддаси масонҳоро, яъне 11 ва 13-ро бо ҳам ҷамъ созем ҳосил баробар мешавад ба 24. 24 ном гирифтани гурӯҳ шояд аз ин ҷо маншаъ гирад. Рози муҳимми дигаре, ки дар нишони “Гурӯҳи 24” пинҳон гардидааст, се маротиба истифода гардидани адади 24 мебошад. Агар ба нишон дуруст назар афканем, ба хубӣ хоҳем дид, ки адади 24 се маротиба, яъне дар боло, миёна ва поёни нишон тасвир шудааст. Ин чиро ифода мекунад!? Агар адади 24 се маротиба ҷамъ гардад ҳосили он баробар мешавад ба адади 72. Адади 72 дар таълимоти масонҳо ифодагари он аст, ки масонҳо 72 ҷинро парастиш мекунанд, ки ин амал аз даврони Ҳазрати Сулаймон (а) то ба наслҳои ҷадиди масонҳои имрӯза омада расидааст. Аз ин мебарояд, ки узви “Гурӯҳи 24” ҷинпарасту шайтонпарастанд.

 

Ададҳои 11 ва 13 муқаддастарин ададҳо барои масонҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар бисёре аз лоиҳаҳои шайтониашон аз ин ададҳо кор гирифтаанд. Дигар, ду шохае, ки рамзҳои ҷойдоштаро иҳота кардаанд аз 13 барг иборатанд. Агар ба нишони давлати Изроил, ИМА, СММ, СУТ, ЮНИСЕФ, ЮНИФЕМ  ва дигар созмонҳои байналмилалӣ назар кунем, бо ҳамин шохаҳое, ки дорои 13 барг ҳастанд во хоҳем хурд. Аҷиб ин аст, ки ҳам баргҳо, ҳам ситораи Довуд (а) ва ҳам доираҳои нишони “Гурӯҳи 24” бо ранги кубуди обӣ тасвир шудаанд. Чаро? Чунки ранги обӣ ранги масонҳои яҳудӣ ба ҳисоб меравад. Созмонҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки зикрашон рафт муассиси кулли ин созмонҳо масонҳо маҳсуб мешаванд. Аз ҳамин хотир, дар нишони умуми ин созмонҳо рамзҳои масонҳо ба назар мерасанд. Шояд дар нигоҳи аввал барои аксарият ин далелҳо оддӣ ва ё афсона ба назар расад, вале даркашон барои аксарият номумкин аст.

 

Бо эҳтимоли зиёд, метавон гуфт, ки муассиси “Гурӯҳи 24” низ масонҳо ба ҳисоб мераванд. Зеро дар нишони ин гурӯҳ кулли муқаддасоти масонҳои шайтонпараст мушоҳида мегардад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо ин аст, ки масонҳо ва сатанистҳо ин навъ гурӯҳҳоро ба он хотир таъсис медиҳанд, ки дар ҷомеаҳо низоъ барангезанд ва дар ҳолати моҷароӣ идораи моҷароро зери назорат гиранд. Моҷаро пояҳои ҳокимиятро шикаста, хараҷу мараҷро ба миён меорад. Аз ин вазъ гурӯҳҳои манфиатдор истифода намуда, масири ояндаи ҳар навъ ҷомеаро мувофиқ бо майли хеш муайян месозанд. Ҳадафу мақсади “Гурӯҳи 24” низ муайян аст. Эшон хоҳони моҷарои наве дар Тоҷикистон ҳастанд. Ин гурӯҳ пуштибонии махсусро соҳиб аст. Яъне, онҳо на барои миллати тоҷик, балки барои масонҳо ва сатанистҳо дар хизматанд.

 

Хитоб ба миллат ин аст, ки ин гурӯҳ нисбате бо миллати мо надоранд. На онҳо ҷузъе аз мо ҳастанд ва на мо ҷузъе аз эшон. Худои онҳо Даҷҷол, динашон шайтонпарастӣ, амалашон ихтилоф, низоъ ва куштор, мақсадашон нобудии мардуми осоишта ва ҷомеаҳои ором мебошад. Воқеият ҳамин аст, ки гуфтем. Миллатро дар ин равандҳои пур аз ихтилоф иттиҳод лозим аст. Иттиҳод заминаи аслии воҳид будани миллат аст. Миллат бояд дар андешаи он бошад, ки Тоҷикистони муқтадир ва бузургро поягузорӣ намояд. Умуми миллатро лозим аст, ки воқеиятҳоро бинад ва ояндаро дарк намояд.

 

Муқим УМАРОВ,

корманди Академия

 

Аксҳо

Похожие записи