ДАВРИ ДУЮМИ КУРСИ “ЗАН-САРВАР” БАРОИ БОНУВОНИ ФАЪОЛИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НОҲИЯИ ТОБЕИ МАРКАЗ

IMG_8625

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳанс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”-ро шурӯъ аз моҳи июли соли 2019 ба роҳ мондааст.

 

22 июли соли 2021 даври дуюми курси “Зан-сарвар”барои бонувони фаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз гардид.

 

Тибқи иттилои Исматулло Шерхон, ҳамоҳангсози курс, дар он 25 нафар занону духтарон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷалб карда шуда, баъд аз хатми даври дуюм шунавандагон ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.

 

Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии мазкур дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, марҳалаи аввали он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ баргузор гардид.

 

Шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан-сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Ташкили курси мазкур барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва савияи дониши бонувон мусоидат намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Похожие записи