ДАВРИ ЧОРУМИ КУРСИ “ЗАН-САРВАР” ОҒОЗ ГАРДИД

IMG_5874

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон даври чоруми курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, ки аз 26 май то 2 июни соли 2021 баргузор мегардад, ифтитоҳ гашт.

 

Дар расми ифтитоҳи курс Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

 

Таъкид шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

 

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори кишвар то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардааст, ки аксарияти онҳо қабул гардидаанд. Аз ин рӯ, санадҳои ба тасвибрасида барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

 

Тибқи иттилои Исматулло Шерхон- ҳамоҳангсози курс дар он 25 нафар занону духтарон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷалб карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишии мазкур дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, марҳалаи аввали он аз соли 2019 то 2021 дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ баргузор гардид.

 

Шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан-сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Ташкили курси мазкур барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва савияи дониши бонувон мусоидат намуда, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

 

 

Похожие записи