Дар Академияи идоракунӣ маҳфили “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” таъсис ёфт

IMG_4836

Дар назди китобхонаи илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” маҳфили илми – амалӣ таъсис дода шуд, ки аъзоёни он аз ҳисоби устодон, донишҷӯёну магистратон интихоб гаридидаанд.

Ташкилкунандагони маҳфил нақша доранд ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир ба мавзӯъ ва муҳтавои он андешаронӣ намоянд.

Восиф Салоҳиддинов, сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Академия, зимни суханронӣ иброз дошт, ки маҳфил дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 таъсис дода шудааст ва ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну магистрантон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин маҳфилҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.

Зикр гашт, ки бо дастгирии ректор профессор Абдухалил Ғафурзода дар Академия китобхонаи бадеӣ сиёсӣ аз ҳисоби устодону кормандон барои алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ  бо теъдоди 5 ҳазор нусха китоб таъсис дода шуд, инчунин, Китобхонаи марказии Академия низ дар сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳри маърифатафрӯзону дӯстдорони китоб қарор гирифтааст.

Зоҳир Қодиров, сардори шуъбаи илм, инноватсия, таъкид дошт, ки таълимоти дуруст ва ахлоқи ҳамида метавонад инсонро ба фатҳи қуллаҳои баланд расонад. Аз ин рӯ моро мебояд ҳар чи бештар ба хондани китобҳои бадеиву таълимӣ рӯ биорем то ин ки малакаю маҳорат ва кордонии хешро васеъ намоем.

Дар ҳақиқат, китоб он омӯзгору устоди роҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо аҳли башарро донишу илму ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китоб инсону ҷомеаро камол бахшида, дар ҳошияи ҳамагуна фаъолият чун як муаллиму ҳидоятгари беминнат ҳузур дорад. Файласуфи фаронсавӣ Дени Дидро ҳанӯз дар асри 18 ҷараёнҳои нави инкишофи фарҳанги тамаддунро ба назар гирифта гуфта буд, ки «…инсоният вақте ки мутолиаро қатъ менамояд, тафаккурро аз даст медиҳад».

Алиакабар Ҳаётзода, мудири китобхонаи Академия иброз намуд, ки халқи тоҷик аз зумраи он миллатҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Зикр гардид, ки дари кошонаи илму маърифат, яъне китобхонаи Академия ҳамеша барои ихлосмандону донишҷӯён боз аст. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардидааст ва аъзоёни маҳфили мо талош доранд, дар он сарбаландона ширкат варзанд.

Дар он повести “Одина”- и устод Садриддин Айни мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои маҳфили навбатӣ  асари “Намунаи адабиёти тоҷик” пешниҳоди аъзоёни маҳфил гардид.

Похожие записи