ДАР АКАДЕМИЯ БАХШИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВИИ “СОЗАНДАГИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТӮЛИ СЕ ДАҲСОЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_5419

15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” – и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Абдухалил Ғафурзода, ректор, ноибони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои Академия бахши Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори конфронс Комилбек Амид Ёрбек, ноиби ректори Академия дар мавзуи “Тоҷикистон дар масири Истиқлол”, Мухторов Зайниддин, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай”, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҳмадов Иброҳим, декнаи факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёбахши миллат”, Маликшозода Шоҳбегим, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия дар мавзуи “Бозтоб ва нуфузи инкишофи таърихии забони тоҷикӣ дар асари Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат ҳастии миллат”, Додихудоев Раҷабалӣ, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мавзуи “Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ”, Абилзода Гуландом, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ”, Ализода Баҳриддин, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳрезӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Шарипов Шарифҷон, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мавзуи “Пешвои миллат ва тафакури миллӣ” ва Исматуллозода Фаридун, сардори шуъбаи магистратураи Академия дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар омодакунии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” маърӯза намуданд.

 

Бояд ёдовар шуд, ки конфронси илмӣ-назариявии “Созандагиҳои Пешвои миллат дар тӯли се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ” бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори дастгоҳ оғоз гардида, баъд аз баргузории ҷаласаи ифтитоҳии он яке аз бахшҳо дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро идома дод.

Аксҳо

Похожие записи