ДАР АКАДЕМИЯ МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ ДОИР ГАРДИД

IMG_5214

Бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар замони муосир” мизи мудаввари илмӣ баргузор гардид.

 

Мизи мудавварро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки воқеан, мавзӯи мизи мудаввар дар замони рушд ва пешрафти технологияи муосир бисёр мубрам ва саривақтӣ буда, амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар айни ҳол яке аз рукнҳои муҳимми нигоҳ доштани арзишҳои миллию таърихӣ, оромӣ, сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдат мебошад.

Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров Силмон дар мавзӯи “Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳамияти онҳо дар таъмини амнияти миллӣ” маъруза намуда, иброз дошт, ки рушди босуръати интернет ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мушкилоте мебошанд, ки соҳибандешаи ватаниро водор менамоянд, то атрофи хатару таҳдидҳои онҳо ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлату миллати хеш аз нигоҳи илмӣ ва воқеоти амалӣ ибрози назар кунад. Дар оғози асри XXI дар системаи сиёсии ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоие, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Google, Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки фазои маҷозӣ ё худ интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бо назардошти имконот, қудрат, таҳдид, ҳуҷум ва ҳимоя мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем:

Дар идомаи мизи мудаввар корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи Рамазон дар мавзӯи “Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷомеа”, декани факултети информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Файзализода Баҳрулло Файзалӣ дар мавзӯи “Амнияти иттилоотӣ кафили амнияти давлатӣ ва ҷаҳонӣ”, мудири кафедраи технологияи иттилоотии ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Гадоев Абдурашид Файзуллоевич дар мавзӯи “Зеҳни сунъӣ ва таҳаввулот дар ҳаёти инсон”, сардори шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионии Академия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Маҳмарасул Абдуқодирович дар мавзӯи “Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ”, ҳамчунин намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври онлайн маъруза намуданд.

Баромадкунандагон қайд карданд, ки таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил шуда, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он вобастагии зич пайдо кардааст. Дар шароити муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад.

Похожие записи