ДАР АКАДЕМИЯ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД

IMG_0127

Имрӯз, 15 августи соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Академия оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор карда шуд.

 

Дар рафти нишасти матбуотӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Мурод, ноибони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, омӯзгорону кормандони Академия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти мазкур намояндагони ВАО аз шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Душанбе HD”, “Баҳористон”, “Илм ва табиат”, Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, рӯзномаҳои Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ” “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “СССР”, “Фараж”, “Мароми пойтахт”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон ва радиоҳои “Ховар”, “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Фарҳанг” ва дигар расонаҳо ширкат намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Нишасти матбуотиро Ректори Академия ифтитоҳ намуда, рӯзноманигоронро ба Академия хуш омадед гуфт ва ба онҳо доир ба дастовардҳо ва фаъолияти шашмоҳаи Академия ба таври мухтасар иттилоъ дод.

Таъкид карда шуд, ки давоми шашмоҳаи ибтидоии соли 2023 Академияи идоракунии давлатӣ дар раванди таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи дастовардҳои ҳайати профессорону номзадон, устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академия натиҷаи сиёсати саривақтӣ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, Академия ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ дар иҷрои нақша ва вазифаҳои гузошташуда ба таври ҳамешагӣ талош менамояд.

Гуфта шуд, ки дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2023 устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академия дар озмуну мусобиқаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумшуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ҳамчунин давоми ин нимсола шумораи чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ, ки бо ташаббуси Раёсати Академия ташкил мешавад, зиёд гардида, дар онҳо шумораи зиёди иштирокчиён аз дигар муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд. Донишҷӯёну устодони Академия дар озмунҳои байналмилалӣ ва миқёси ИДМ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва унвону дараҷа ва дипломҳо гардиданд.

Ректори Академия зимни нишаст қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои хориҷии Академия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо маблағгузории шарикони рушд ду маркази нави таълимӣ таҷрибавӣ бунёд гардид, ки аз дастовардҳои намоёни Академия арзёбӣ мегардад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоии донишҷӯён, шароити таълиму тарбия дар Академия, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон пас аз хатм, раванди қабули донишҷӯён ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳои пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Аксҳо

Похожие записи