ДАР ТАҲЛИЛИ МАСЪАЛАИ МАРЗӢ АНДЕШАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ МУҲИМ НЕСТ

IMG_0305

Дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имрӯзҳо мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар атрофи ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода фикру андешаҳои нопок ва ғаразноки худро баён карда истодаанд.

 

Тавре аз баромадҳои мухолифин маълум мегардад, онҳо низоъҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баамаломадаро низ устокорона истифода намуда, дар сар задани ин муноқишаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳгор карда истодаанд. То дараҷае нотавонбин ҳастанд, ки рӯирост дар баромадҳои худ Ҳукумати Қирғизистонро таърифу тавсиф намуда, изҳор менамоянд, ки гӯё онҳо дар ҳалли масъалаҳои марзӣ боҷасорат амал мекарда бошанд.

 

Дар баромади худ онҳо дар хусуси ҳодисаҳои чанд соли пеш, ки дар Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асосан ӯзбекҳо зиндагӣ менамоянд, ҳарфе намезананд ва тавре вонамуд мекунанд, дар бораи қатли ҳазорҳо нафар бародарони ӯзбек чизе намедонанд ва нашунидаанд.

 

Дар ҳодисаҳои сарҳад ба гуфти Кабирӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо роҳи гуфтушунидро истифода мекарду ба ҳудуди кишвари ҳамсоя қувваҳои ҳарбии худро намедаровард. Гӯё дар Қирғизистон ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳли дин озодтар ва мухолифини сиёсӣ фаъол мебошанд. Аммо дар инҷо низ онҳо дидаю дониста дар хусуси инқилобҳои дар даҳсолаи охир дар ҷумҳурии ҳамсоя бавуқӯъомадаро фаромӯш кардаанд.

 

Ҳодисаҳое, ки дар Ворух рӯй доданд, нишон медиҳанд, ки баръакс роҳбарияти олии кишвар аҳолиро ба сабру таҳаммул ва ба таври қонунӣ ҳал намудани масъалаи хати сарҳад даъват менамоянд. Дигар ин ки сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли равон мавқеи муҳофизатиро ишғол намуда, танҳо пас аз оне, ки аввалин шуда ҳудуди Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд, бо яроқу аслиҳа ҷавоб гардонида, шаҳрвандон ва ҳудуди кишварро ҳимоя намуданд.

 

Зимнан ёдовар бояд шуд, ки моҳи октябри соли 2019 дар музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқа шуда буд, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

 

Вобаста ба ин қайд менамоем, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

 

Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханрониии худ дар шаҳри Исфара қайд намудаанд: “Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд”.

 

Аз ин лиҳоз, масъалаи сарҳад давра ба давра танҳо бо музокирот  ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад ва дӯстии ду миллати асрҳо бо ҳам қарин вайрон нахоҳад гардид ва барои таҳлили ин масъала фикру андешаҳои чанд нафар хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муҳим нестанд.

 

Суфиев ФАРҲАТ,

сардори раёсати корҳои тарбиявии Академия

Похожие записи