ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН МУНАВВАР СОХТАНИ ФАРДОСТ

IMG_4619

Ман ҳамеша ба ақлу заковат, неруи созанда, ҳисси миллии ҷавонони саодатманду ватанпарвар ва бонангу номуси кишвар, яъне фарзандони даврони истиқлол бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ҳифзи арзишҳои истиқлолият чун сипари боэътимод хизмат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Нақш, саҳми устувор ва мавқеи якдилонаи ҷавонони кишвар зери раҳнамоии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиноси мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои худ расида, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ирода қавӣ доранд.

 

Имрӯзҳо заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар соҳаи татбиқи сиёсати он нисбат ба ҷавонон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”,“Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина таъсис  додани  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999-2000, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсиси квотаи президентӣ, таъсиси стипендияи Президентӣ ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон”  ташкил медиҳад.

 

Дар қатори санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ яке аз дастовардҳои муҳим ва ҳассос дар ҳаёти ҷавонони кишвар, ин вохӯрӣ ва ғамхории падаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон буд. Дар вохӯриҳои худ бо ҷавонони кишвар муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

Нахустин вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонони кишвар хотирмон боқӣ мемонад. Зеро мулоқот дар даврае баргузор гардид, ки дар мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯзон буд ва иддае аз ҷавонон тақвиятбахшандаи алангаи ин оташ буда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундгарову иғвоангез шомил мешуданд. Роҳбари давлат дар суханронии пурмуҳтавояш қайд намуд, ки: “Имрӯз дар ин толор аз чеҳраи кушодаи шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам, қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо шумо ақидаамро дигар карда, маро водор сохтед, ки аввал бо шумо вохӯрӣ намоям. Ин мулоқот бо ҷавонони худогоҳу бедордил ҳисси ватандориро боло бардошта, онҳоро дастаҷаъмона дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, аз вартаи нобудшавӣ баровардани миллату давлат, бунёди ҷомеаи демократӣ равона намуд”.

 

Вохӯрии дуюми Роҳбари давлат бо намояндагони ҷавонони кишвар 17 марти соли 1994 баргузор гардид. Дар мулоқот аслан ба масъалаҳои оқибатҳои муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, огоҳонии ҷавонон аз хатогиҳои гузашта ва муттаҳидии онҳо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ташаккул ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, сохтмони давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, риояи урфу одатҳо, анъанаҳо ва суннатҳои дини мубини ислом, риояи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дигар қонунгузории ҷорӣ, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, ҷалб ба созмони ҷавонон ва фаъол намудани иштироки насли наврас дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ба ҷавонон, дастгирии кӯдакони бепарастор ва мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ ва рушди сиёсати демографӣ, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, дуздию ғоратгарӣ ва нашъамандии ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар натиҷа пас аз вохӯрии мазкур таваҷҷуҳ нисбат ба насли ҷавони кишвар зиёдтар гашта, барои таъсиси ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам гашт.

 

Вохӯрии сеюм бо ҷавонони кишвар 23 майи соли 1997 дар арафаи рӯйдоди муҳим ва сарнавиштсози таърихи кишвар – ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997) баргузор гардид. Дар рафти он кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҷавонони мамлакат дар мавриди ба даст овардани ризоияти миллӣ ва сулҳу субот баррасӣ гардида, зарурати ташаккули имконоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ барои ҷавонон таъкид гардид.

 

Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 16-уми майи соли 1998 бо ҷавонони лаёқатманд баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ андешаҳо оид ба роҳи интихобгардидаи инкишофи мамлакат, дурнамои оянда ва вазифаҳои насли ҷавон дар ин росто баргузор гардид.

 

Кишваре, ки дар он барои сабзишу инкишоф ва рушду нумӯи ҷавонон имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад ва иқдому ташаббусҳои онҳо мавриди пазириши насли бузург мегардад, бешак, роҳаш мунаввар ва фардояш дурахшон аст. Дар таърихи давлатдории халқиятҳои дунё собит гардидааст, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирии афкору рӯи кор овардани нақшаҳои созандаи онҳо самараи назаррас ба бор оварда, ҳам барои пешрафту тараққиёти давлату миллат ва ҳам барои шахсиятсозии ҷавонон муҳим арзёбӣ гардидааст.

 

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд ва ҳамеша зираку ҳушёр, барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

 

Заҳматҳои сарвари давлат дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Имрӯзҳо  беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд ҳамчун идомадиҳандагони ҳадафҳои волои Пешвои миллат бо мақсади нигаҳбонии арзишҳои миллию фарҳангӣ, инсондӯстӣ, пойдории сулҳу субот ва ба хотири тараққиёту пешрафти ояндаи Тоҷикистони азизамон талошу кӯшишҳои пайгирона намуда саҳми босазо ва арзандаи худро гузоранд.

 

Ҳамин тариқ, ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром  нисбат ба забону фарҳанги худ бояд доимо ҳушёру зирак бошанд. Дар баробари ин, ҷавонони мо имрӯз маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур, одобу ахлоқи худро боз ҳам аз ҳарвақта дида бештар ривоҷу равнақ бахшанд. Онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ номбардори давлату меҳан ва руҳи гузаштагони худ бошанд.

Муборак БОБОЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи