ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИҲАТИ ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА РИЁЗӢ

Мирзораҳимов М

Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ давлатдории тоҷикон пас аз истиқлоли давлатӣ бо татбиқи сиёсат ва бо ибтикороти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд.

 

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Сарвари давлат асоси рушди хоҷагии халқи мамлакатро ба густариши соҳаи илму маориф ва фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста медонанд.

 

Бахусус, Пешвои миллат шурӯъ аз оғози солҳои 2000-ум тавсеа ва омӯзиши амиқи илмҳои техникию риёзӣ ва дар ин замина такомули шуури техникиро манбаи рушди иқтисодиёти миллӣ ҳисобида, дар марҳилаҳои ҷудонопазир дар ин самт амалишавии корҳои мушаххасро роҳандозӣ намуданд.

 

Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд. Дар баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки ба соҳаи маориф ва илм ҳамасола дар низоми буҷаи кишвар дар қиёс ба дигар соҳаҳо бештар маблағ ҷудо карда мешавад. Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон бо намояндагони аҳли зиё ва олимону ихтироъкорон вобаста ба масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навин пайваста дар ин ҷараён мусоидати бевосита менамояд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид доштанд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Бо вуҷуди ин, сифати таълими ин фанҳо, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест.

 

Дар маҷмӯъ, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири тақвияти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба роҳ мондани пажӯҳишҳои бунёдӣ, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд, тафаккури техникию технологиро ба ниёзҳои даврони муосир баробар намуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузоранд.

 

Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани сифати таълим ва иҷрои талаботи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пеш аз ҳама, таъмини шароити мусоид, тарбияи дурусти хонандагон дар ҳамаи самтҳо, таъмини лаборатория ва кабинетҳои таълимии фанҳои дақиқ бо асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва фаъолияти омӯзгорони соҳибтаҷриба омили асосист. Асри XXI, ки давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури навгониҳои нави илмист, рушду нумуъ ва тараққиёти мамлакат бе иҷрои ин амалҳо амри ногузир аст.

 

Дар шароите, ки техникаву технологияи муосир рушд намуда, талабот ба мутахассисони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ меафзояд, пешниҳоди солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин табдил додани Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрист ва ин худ бозгӯи тақвият додани технологияи соҳаи саноат, ки ба илмҳои дақиқ шомил мебошад, маҳсуб мешавад.

 

Яке аз ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ин ҳавасманд гардондани насли ҷавони мамлакат ба омӯзиши табиати Тоҷикистон ва ба ин васила тадриҷан саҳм гузоштан дар рушди илми муосир мебошад. Танҳо рушди илми муосир ва натиҷаҳои бадастовардаи илмӣ дар соҳаи илмњои табиатшиносї имкон медиҳанд, ки инсон муаммоҳои дар табиат рӯйдодаро пешгирӣ намояд, ки мавқеи хешро дар табиат дарк намуда, вобаста ба қонунҳои табиат муносибати худро нисбат ба он ба роҳ монем, то таназзули табиат ба вуҷуд наояд.

 

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” саҳм гузоранд.

 

Озмуни мазкур мисли Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил мегардад. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагӣ дорад.

 

Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.

 

Ҳамин тавр, бояд зикр намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рушду тараққиёти бесобиқа пайдо карда, соҳаи илм ва маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Дар ин замина барои рушди соҳаи маориф ва илм ба таври воқеӣ барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникаву технологӣ фароҳам оварда шуд, ки метавонад барои рушди давлат мусоидат намояд.

 

Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,

номзади илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ,

мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ

ва риёзии Академия

Похожие записи