“ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

photo_2021-09-04_15-37-07 (2)

Таҳти ин унвон 3-юми сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети идоракунии давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия н. и. т. Карамалишоев К., декани факултети идоракунии давлатии Академия н.и.и., дотсент Достиев Э. А., устодони кафедраи идоракунии молияи давлатӣ ва шумораи зиёди донишҷӯён ширкат варзиданд.

 

Мизи мудавварро декани факултети идоракунии давлатии Академия н.и.ҳ., дотсент, Достиев Э.А. ифтитоҳ намуда, нахуст иштирокдоронро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, ки истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат ва бақои симои миллат ба шумор меравад.

 

Сипас, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия н.и.и., дотсент Досиев М. Н. дар мавзӯи “Дастовардҳои иқтисодии даврони истиқлолият” маъруза намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ танзими вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакатро тавассути дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” мукаммал намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои зиёди назаррасро анҷом додааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар баромаду вохӯриҳояшон оид ба пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии аҳолии мамлакат, бо дарназардошти ташкил намудани шароити мусоиди созанда барои ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир ба кишварамон суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда дастуру супоришҳо медиҳанд.

 

Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар ба рушди устувори соҳаи саноат диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор доданд.

 

Баъдан, сардори раёсати илм ва инноватсия н. и. и. Карамалишоев К. ба сухан баромада, доир намудани мизи мудавварро басо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард ва зикр намуд, ки минбаъд чунин чорабиниҳои илмӣ бештар ба нақша гирифта шуда, теъдоди бештари донишҷӯён фаро гирифта шаванд.

 

Мизи мудавварро мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии н.и.и., дотсент Досиев М. Н. ҷамъбаст намуда, аҳли нишастро бори дигар табрик намуданд. Маҳфил дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, бо саволу пешниҳодҳо ба анҷом расид.

Похожие записи