ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИЯ ДАР СОЛИ 2020

IMG_0474

– Дар соли 2020 аз ҷониби ҳайати устодон ва профессорони Академия 24 адад монографияи илмӣ, 14 адад васоити таълимӣ, 18 адад дастури таълимӣ, 273 адад мақолаи илмӣ, ки аз он 144 адад дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонида шудааст, чоп намуданд, – ин нуктаро имрӯз Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар нишасти хабарии Академия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

 

Мавсуф дар идома зикр намуд, ки шумораи умумии докторантони PhD 11 нафар ва унвонҷӯёни Академия 68 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давоми соли 2020 4 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Похожие записи