ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият ин пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар асри XX мебошад. Бо амри тақдир дар солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ бо мушкилоту монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид.

 

Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатхоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Натиҷаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зарбаи сахт расонид. Барои бартараф кардани онҳо роҳбарияти давлат кӯшишу ғайрати зиёд намуданд. Дастоварди бузургтарини миллати мо дар тӯли 30 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин кори худро аз беҳтар намудани сатҳу сифати мактабу маориф оғоз намуданд. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат мактабу донишгоҳҳо аз нав эҳё гардиданд, аз ҳисоби буҷаи давлат барои сохтмони мактабу донишгоҳҳо маблағи муайян ҷудо гардид.

 

Ҳуҷчати аввалин дар ташаккули соҳаи маориф дар шароити нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба ҳисоб меравад, ки лоиҳаи он 26 августи соли 1991 ба баррасии умумӣ пешниҳод гардид ва бо назардошти ноустувории сиёсӣ 27 декабри соли 1993 аз тарафи Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Зимни инкишофи ин соҳа, бо мақсади ворид гардидан ба системаи байналхалқии маориф ба ин қонун 8 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз сари нав эҳё кардани вазъияти мамлакат аз оғози соли 2000-ум маблағгузориро ба соҳаи маориф афзун намуд ва маорифро дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат эълон намуд.

 

Дар ин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири бинои мактабҳоро ба нақша гирифта, якчанд қарорҳои дахлдорро барои таъмин намудани мактабҳо бо кадрҳои педагогӣ ба тасвиб расонид, барои чопи китобҳои дарсию воситаҳои таълимӣ маблағ ҷудо карда, барномаи давлатиро оид ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тасдиқ намуд. Ҳамаи ин тадбирҳо боиси то дараҷае рафъ гардидани мушкилоти соҳаи маориф гардиданд. Бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайриимкон аст. Соли 1997 аз ин лиҳоз дар ҷумҳурӣ қариб 700 ҳазор мактабҳо ба таҳсил шурӯъ карданд. 27-июни соли 1993 Маҷлиси Олӣ қонун дар бораи маориф қабул кард, роҳи гузаронидани макотиби ҳамагонӣ пеш гирифта шуд. Китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо аз соҳаҳои гуногуни илмӣ чоп шуданд. Агар мо ҷомеаи имрӯзаро бо чанд сол пеш муқоиса намоем, ба назар мерасад, ки нисбати солҳои пешин дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ дигаргуниҳо ва пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Масалан, дар соли 1991 дар мамлакат 4310 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла 944 томактабӣ, 3229 таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 олии касбӣ амал мекард. Соли 2011 шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 4385 адад расида, 488 муассисаи томактабӣ, 3747 муассисаи таҳсилоти миёна ва 30 мактаби олӣ фаъолият доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки талабот ба таҳсилот нисбати солҳои пешин зиёдтар мебошад.

 

Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф афзуда, дар натиҷа рушди соҳаи мазкур таъмин гардид.

 

Мо –кормандони соҳаи илму маорифи мамлакат бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро ҷиҳати боз ҳам устувор намудани пояи илму маърифат равона карда, дар камолоти насли ҷавон беш аз ҳарвақта ҳиссагузор бошем.

 

Насиба ЮЛБЕКОВА,

ассиссенти кафедраи психология ва

сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи