ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

286781257_396032925900776_5216817851671223007_n

Рӯйдоди таърихие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77- уми худ қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” – ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

 

Дипломатияи об яке аз омилҳои марказӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи дохилидавлатӣ, минтақавӣ ва албата дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дипломатияи об асосан заминаи табиии пайдоиш дорад, чунки захираҳои обӣ, махсусан дарёҳои фаромарзӣ сарҳадҳои якчанд давлатро убур менамоянд, ки бевосита омили пайвандии ногусастании байнидавлатӣ мегардад. Ин зарурати табииро ба бор меорад, ки давлатҳо ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода намудани захираҳои обии дарёҳои фаромиллӣ бо ҳам ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар дунё зиёда аз 260 дарёҳои фаромарзӣ ва зиёда аз 270 ҳавзаҳои зеризаминии обии фаромарзӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон 261 ҳавзаҳои обӣ дар ҳудудҳои ду ва зиёда давлат ҷойгир шудаанд, ки аз ин шумора 70 ҳавзаи обӣ дар Аврупо, 53 ҳавзаи обӣ дар Осиё, 39 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ, 38 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ва 60 ҳавзаи обӣ дар Африка ҷойгир мебошанд. Аз ин нишондод 155 ҳавзаи обӣ миёни ду давлатӣ ва зиёда аз 100 ҳавзаи дигар миёни зиёда аз се давлат тақсим мегарданд. Ҳамзамон 75% масоҳати 50 давлати дунё дар ҳудудҳои дарёҳои фаромарзӣ ва ё сарҳадгузар ҷойгир мебошанд.

Далелҳои болозикр нишонаи онанд, ки пайдоиши дипломатияи об заминаи табиӣ дошта, ҳамкории байни давлатҳо чӣ дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ зарурати ҳаётӣ ва табиӣ дорад. Бе рушди ҳамкорӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем мушкилоти обии худро таъмин карда бошем.

Бо назардошти андешаҳои зикргардида, метавон гуфт, ки об омили муҳимтарини ҳамбастагии давлатҳо ва миллату халқиятҳо буда, сарчашмаи асосии ҳамкорӣ мебошад. Ҳамкорӣ дар соҳаи об маҷмӯи соҳаҳои ҳаётиро фарогир мебошад. Ҷузъиётҳои таркибии онро омилҳои иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, экологӣ ва аграрию обёрӣ ташкил менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкории густурдаю ҳамаҷонибаро дар соҳаи об чӣ дар сатҳи минатқавӣ ва чӣ ҷаҳонӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ қарор дода, бо тамоми давлатҳои дунё ва созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ дар ин самт ҳамкорӣ менамояд.

Афзоиши аҳолии минтақа ва ҷаҳон, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, масъалаи норасоии оби тоза ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Дар ин масъала, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Аз рӯи тадқиқоти олимони соҳаи об, танҳо 3% оби ҷаҳонро оби тоза ташкил дода, зиёда аз 2/3 ҳисаи ин об дар шакли барфу ях қарор дорад. Обҳои зеризаминӣ 31% тамоми захираи оби тозаро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо камтар аз 0,3% захираҳои оби тозаро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро авлавияти сиёсати хориҷии худ медонад.

Дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015, Соли байналмилалии “Оби тоза” (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.  Ин аст, ки имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд.

Дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳимми марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конфронсҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдӯсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Кишвари мо дӯстони зиёде пайдо намуд, ки инак Тоҷикистонро маркази дипломатияи об ва ташаккули ғояҳо ва ташаббусҳои оқилона барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об мешуморанд.

 

Раҳматулло КАРИМОВ,

муовини сардори шуъбаи магистратура оид ба илми Академия

Похожие записи