ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ ҒОИЛИБИ МУСОБИҚАИ ДЗЮ-ДО
![Снимок](https://apa.tj/wp-content/uploads/2020/10/Снимок.png)
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Ҳалимов Фаррух Ғайратович — донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзю-до байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2002, ки аз 23 то 25 октябри соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардидааст.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Водии Рашт, ШНТМ, ВМКБ, Суғд-1, ва Суғд-2 байни ҳам қуввозмоӣ намуданд.
Дар фарҷом ғолибон бо Диплом ва медал аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.