ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ — ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК

1123k

Нимаи аввали моҳи майи соли 2024 дар шаҳри душанбе чемпионати тоҷикистон оид ба варзиши сабук байни калонсолон баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи факултети идоракунии давлатии академияи идоракунии давлатии назди президенти ҷумҳурии тоҷикистон шабнам баротова аз рӯйи намуди варзиши гурзпартоӣ иштирок намуда, бо нишон додани натиҷаи беҳтарин сазовори ҷойи якум гардид.

Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни академия баротова шабнамро бо ин дастоварди бузурги варзишӣ самимона шодбош гуфта, муваффақиятҳои бештари варзишӣ ва фатҳи қуллаҳои баландтаринро барояш таманно менамоянд.