Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони “Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” аксия гузарондаанд

IMG_8786

Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди боғи фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш, Маркази савдои “Рӯдакӣ – Плаза”, дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятии дохилишаҳрӣ  ва инчунин дар назди муассисаву ташкилотҳои гуногун таҳти унвони “Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” аксияи тарғиботию ташвиқоти гузарониданд.

   Дар аксияи аз ҷониби донишҷӯёни Академия ба шаҳрвандон  300 адад варақаҳои тарғиботи тақсим гардида, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки ба хотири ҷилвагарии сироятёбӣ аз коронавирус бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гириранд. Ҳамчунин 200 ниқоби ҳимояти, ки аз ҷониби чеварони Парки технологии Академия дӯхта шудаанд, барои шаҳрвандон тақдим намуда, ҳушдор карданд, ки ба рӯй ниқоб кашида,  пайваста корҳои поккориро риоя намоянд ва дар ҳолати нороҳат эҳсос кардани худ сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд.   

Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар кишвар ягон ҳолати сироятшавӣ ба бемории коронавирус ё covid – 2019 ба қайд гирифта нашудааст ва корҳо дар самти пешгирӣ таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Мавриди зикри хос аст, ки бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса ИДМ, давлатҳои Аврупо ва Америка  хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.  Бояд тазаккур диҳем, ки 11 – уми марти соли равон хуруҷи COVID-19-ро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемия эълон карда буд ва тибқи иттилои ин Созмон то имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аксҳо

Похожие записи