ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ ҒОЛИБИ ДАВРИ АВВАЛИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ “АНДАЛЕБ – 2021”

IMG_7910

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.06.2021 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб – 2021” баргузор гардид.

 

Дар фестивал-озмуни мазкур донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гаштанд.

 

Аз ҷумла, магистранти зинаи таҳсилоти яксола барои хизматчиёни давлатӣ Нозимҷон Шарифов аз рӯйи номинатсияи “Суруди анъанавӣ” ва донишҷӯи соли аввали факултети идоракунии давлатӣ Ёқубҷон Каримов аз номинатсияи “Бадеҳа” ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд.

 

Пирӯзӣ муборак, ҷавонони боистеъдод!

Похожие записи