ЗАБОНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ВОБАСТА БА СОДДА ВА ОММАФАҲМ БУДАНИ ИСТИЛОҲОТИ ҚОНУН

Сифатнокии қонун аз забони он вобастагии калон дорад. Забони қонунгузорӣ бояд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мутобиқат намуда, онро пайгирӣ кунад. Дар сурати номутобиқатии забони қонунгузорӣ ба дараҷаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мушкилотҳои муайян ба миён меояд. Қонунгузор дар ҳама маврид диққати асосии худро бояд ба он равона намояд, ки забони қонунгузорӣ, яъне истилоҳот ва матни дар қонунгузорӣ зикршуда барои оммаи халқ содда, фаҳмо ва возеҳ бошад. Ҳамзамон, мутобиқатии забони қонун ба сатҳи дахлдори маърифати ҳуқуқии аҳолӣ худ боиси ташаккули маданияти ҳуқуқии онҳо мегардад.

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин воситаи муҳимми танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, уҳдадориҳои ҳуқуқии онҳо муқаррар ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳифз менамоянд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо риояи талаботҳои муайян қабул карда мешаванд. Риояи техникаи қонунгузорӣ (ҳуқуқэҷодкунӣ) яке аз талаботҳои муҳим дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Техникаи қонунгузорӣ ин тарзу воситаҳо, қоидаҳои таҳияи, ифода, интишор, мураттабсозӣ, тафсир, амалисозӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мебошад.

 

Вобаста ба риояи талаботи техиникаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба як қатор талаботҳо, ба монанди қоидаҳои мантиқӣ, қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии ифодаи сохти таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии забонӣ ва услубӣ, қоидаҳои техникӣ-ҳуқуқии ифодаи берунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя карда мешаванд.

 

Ҳуқуқ ифодаи забонӣ мебошад. Пайдоиш, ташаккул ва умуман мавҷудияти ҳуқуқ бидуни забон ғайриимкон аст. Агар қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамчун падидаи адабӣ баррасӣ намоем, пас забон ягона мавод, унсури ибтидоӣ мебошад, ки аз он ҳама гуна матнҳо ва категорияҳои ҳуқуқӣ таҳия ва ба расмият дароварда мешаванд.

 

Риояи қоидаҳои забонӣ ва услубӣ намуди алоҳидаи техникаи қонунгузорӣ буда, аз дуруст риоя кардани онҳо самаранокӣ ва сифатнокии қонун вобаста аст. Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009, №553 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд. Ҳамзамон моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 30 майи соли 2017, №1414 муқаррар намудааст, ки матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.

 

Аз муқарароти мазкур бармеояд, ки забони ифодаи матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ забони давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми таҳияи санадаҳои меъёрии ҳуқуқӣ қоидаҳои усулуби забони адабӣ риоя карда мешавад.

 

Забон ҳамчун воситаи муошират дар матнҳо мавҷуд мебошад. Ин маънои онро дорад, ки меъёрҳои ҳуқуқ танҳо дар сурати мавҷудияти матн қоидаи рафтор, яъне ҳуқуқу уҳдадорӣ муқарар намуда метавонад. Забон дар ҳуқуқ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (техникаи қонунгузорӣ), герменевтика ва услубшиносӣ истифода бурда мешавад. Моҳияти омӯзиши нақши забон дар он мебошад, ки он оғози ягонаи худи ҳуқуқ маҳсуб меёбад. Танҳо ба воситаи забон ҳуқуқ метавонад ба ирода ва шуури инсон таъсир расонад ва ҳамчун воситаи интиқоди иттилоот оид ба муҳтавои он хизмат менамояд.

 

Забони қонунгузорӣ ин забони расмии адабӣ мебошад, ки зимни ифодаи ҳуҷҷати маводи меъёрӣ дар матни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад. Забони қонунгузорӣ низоми истилоҳоте мебошад, ки ҳангоми таҳияи матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мегарданд.

 

Дар адабиёти илмӣ як қаттор хусусиятҳои забони қонунгузорӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла, хусусияти расмӣ доштани он, алоқамандӣ ва пайдарҳамӣ, фаҳмо ва сода, дақиқ, ифодаи муайян ва ғайра. Аз ин бармеояд, ки яке аз хусусиятҳои асосии забони қонунгузорӣ сода, оммафаҳм, мушаххас ва дақиқ будани он ба ҳисоб меравад.

 

Забони қонунгузорӣ як воситаи ҳуқуқие мебошад, ки бо ёрии он шароити хуб барои фаҳмиши дурусти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои онҳо аз тарафи субъектони ҳуқуқ фароҳам оварда мешавад. Санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ бояд барои аҳолӣ дастрас бошанд, ки ин ин пеш аз ҳама тавассути соддагии истилоҳоти дар қонунгузорӣ истифодашуда таъмин карда мешавад.

 

Вобаста ба сифатнокии қонун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки “ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла, вакилони парламент зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд”. Матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд сода, равону фаҳмо ва оммафаҳм бошанд. Танҳо ҳангоми фаҳмо будани талаботҳои қонунгузорӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонанд иҷро карда шаванд. Фаҳмо будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз шартҳои зарурии муоширати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Фаҳмо будани меъёрҳои ҳуқуқӣ яке аз талаботҳои қонуният мебошад. Дар матнҳои қонунгузорӣ истифодаи истилоҳоти фаҳмову сода, умумиистифодашаванда ва мафҳумҳои кӯтоҳ тавсия дода мешавад. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи истилоҳоти мураккаб, душвор ва барои оммаи мардум нофаҳмо қобили қабул намебошад. Забоншиносон бояд ба хусусиятҳои хоси забон аҳамият дода, ба истифодаи калимаҳое, ки пуробуранге, ки мундариҷаи қонунро коста мекунанд, роҳ надиҳанд. Аз тарафи дигар ибораҳои зиёдатӣ, такрорҳои беасос, серсуханӣ ҷиҳати тавзеҳ, тасвири тӯлонию беасос хоси усулуби санади меъёриии ҳуқуқӣ набуда, субъекти истифодабаранда маънои онро сарфаҳм намеравад. Ҳамзамон, дақиқ ва муайянияти ифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст, ки ин гуногунфаҳмӣ ва духелагии фаҳмиши меъёрҳои ҳуқуқиро бартараф менамояд.

 

Азбаски нишондоди қонун барои риоя ва иҷро ҳатмӣ аст, пас он бояд ба истифодабарандагон ва субъектони татбиқи он возеҳу равшан бошад. Аз ин лиҳоз, дар матни қонун бояд калимаҳои сода, истилҳот ва ибораҳои аз ҷониби шаҳрвандон ба осонӣ қабулшаванда истифода карда шавад, зеро санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмии давлат буда, на танҳо барои мақомоти давлатӣ, балки барои доираи васеи шаҳрвандон таҳия карда мешавад.

 

Принсипҳои ташкилии забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:

а) соддагии шуморавӣ. Тибқи талаботи принсипи мазкур бояд кӯшиш намуд, ки маводҳои меъёрҳои ҳуқуқиро бидуни зараррасонӣ ба сифати он маҳдуд намуд, яъне чи қадар маълумот камтар бошад, истифодаи он осон мегардад. Мақсади он тавассути воситҳои кам ба даст овардани натиҷаи бешатр мебошад. Р.фон Иеринг ин принсипро “эҳтиёти қонунӣ” номидааст ва дар он ибтидои ҳаётии ҳар гуна ҳуқуқшиносиро дидааст;

б) содагии сифатӣ. Мақсади принсипи мазкур ба даст овардани тартиботи дохилӣ ва ягонагии маводҳои меъёрӣ маҳсуб мегардад.

 

Дар илми ҳуқуқшиносӣ забони қонун ва забони ҳуқуқ аз ҳам ҷудо мебошанд. Забони ҳуқуқ ин натиҷаи коркарди илмии муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, сатҳи баландро касб менамояд. Забони ҳуқуқ аз сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқии олимони ҳуқуқшинос вобаста аст, яъне ҳамеша дар ҷараёни таҳқиқоти илмӣ инкишоф меёбад ва истилоҳот, категория, падидаҳои нави ҳуқуқиро эҷод менамоянд. Забони қонун бошад, ин натиҷаи ба талаботҳои техникаи қонунгузорӣ мутобиқ намудани таҳқиқотҳои илмӣ ва бо риояи қоидаҳои техникаи қонунэҷодкунӣ ифодаи онҳо дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Забони қонун метавонад дар пайгирӣ ба забони ҳуқуқшиносӣ дар сатҳи баланд рушд намояд, аммо он бояд сараввал ба талаботҳои техникӣ-ҳуқуқии забонӣ ва услубӣ мувофиқат кунад, яъне матни санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои аҳолӣ сода, равону фаҳмо ва оммафаҳм мебошад.

 

Бо ҳамин назардошт, забони қонун бояд сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолиро пайгирӣ намояд, на забони ҳуқуқро. Қонун танҳо дар мавриде натиҷа медиҳад, ки агар он ба сатҳи шуур, маданият ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ созгор бошад ва аксари аҳолӣ имконияти дарки истилоҳоти дар он ифодашуда дошта бошанд. Оммаи мардум бояд матни дар қонунгузорӣ ифодашударо бидуни воситаҳои ёрирасон, ба монанди тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кӯмаки мутахассисони касбӣ имконияти дарк карданро дошта бошанд.

 

Махсусан дар муносибатҳои соҳаи хусусӣ бояд ба талаботҳои забонӣ ва услубӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Муносибатҳои соҳаи ҳуқуқи хусусӣ, ки манфиатҳои шахсони алоҳидаро ҳифз менамоянд, субъекти асосии истифодаи ҳуқуқ худи шахсон ба ҳисоб меравад ва ҳуқуқу манфиатҳои худро метавонад бидуни ёрии мақомот ва шахсони мансабдор амалӣ намоянд. Аз ҳамин лиҳоз, санадҳои қонунгузорие, ки дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ таҳия карда мешаванд, ба шахс бояд имконият диҳанд, аз қонун мустақилона ҳуқуқу манфиатҳои худро пайдо намояд ва мазмуни онҳоро сарфаҳм равад. Дарки дуруст ва воқеии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи аксарияти аҳолӣ ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати ҳуқуқбунёд заминаи хуберо фароҳам меорад.

 

Бояд қайд кард, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуму истилоҳҳое вуҷуд доранд, ки дар сатҳи байналмилалӣ истифода мешаванд. Истифода накардан ва ё ба инобат нагирифтани чунин истилоҳот метавонад сатҳи мантиқии қонунро коста гардонад. Аз ин лиҳоз мувофиқи мақсад аст, ки тамоми истилоҳоти байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ бо шарҳи моҳияти ин мафҳумҳо дар матни қонунҳо истифода бурда шаванд.

 

Сода, оммавӣ, возеҳ ва мушаххас будани забони қонунгузорӣ талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ буда, дар қонунгузорӣ ба сифати шарти зарурӣ ва ҳатмӣ пешбинӣ гардидаанд. Риояи талаботҳои мазкур омили муҳимми таъмини пурраи волоияти қонун, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати ҳуқуқбунёд, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷро намудани уҳдадориҳои ҳуқуқӣ, самаранокӣ ва таъсирнокии қонунгузорӣ ба шумор меравад.

 

Диловар РАҲИМОВ,

корманди шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Акдемия

Похожие записи