ЗАНОН ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЯНД

Ҷаҳони имрӯза беш аз ҳарвақта ҳассосу равандҳои дар он гузаранда мушкилу пурпечутоб шуда истодаанд. Дар ин масир паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта, кишварҳоро новобаста аз сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию  маънавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фаро гирифта истодааст, ки раванди ташвишовари мазкур таъсири манфии худро ба оилаҳо ва тарбияи созгори фарзандон расонида истодааст. Мутаассифона, терроризм имрӯз дар ҷаҳон чеҳраи занона низ касб намудааст.

 

Оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм дар ҷомеа  ба инобат гирифтани нақши занон аҳамияти зиёд дорад, зеро рушд наёфтани имкониятҳои иҷтимоиву иҷтисодии занон, сатҳи пасти маърифатнокии онҳо омили мусоидаткунанда нисбати даъватҳои экстремистӣ-террористӣ маҳсуб меёбад.

 

Қобили қайд аст, ки дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоқикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020” параграфи  алоҳида оид ба ҷанбаҳои гендерӣ мавҷуд аст, ки аз таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи пешгирии ҷалби занон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади татбиқи қонунгузорӣ дар ин самт ва иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”  дар назди Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор Шӯрои экспертӣ таъсис дода шуда, дар баробари ин, “Тартиби гузаронидани ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи хулосаи дахлдор” таҳия ва тасдиқ гардидааст.

 

Бинобар ин, баҳри татбиқи самараноки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон чораҳои иловагӣ андешида мешавад.

 

Чорабиниҳои маърифатӣ баҳри баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар маҳаллаҳо, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ байни ҷавонписарону мардон пурзӯр гардидааст. Дар иртибот ба ин зарур аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пешгирии ҷалби занону ҷавонон ба терроризм, ҳифзи оила ҳамчун асоси ҷомеа, барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.

 

Сарвари давлат ба занону бонувон он қадар боварӣ ва эътимод доранд, ки дар ҳалли чунин масъалаи муҳими сиёсию  глобалӣ ба қувваю нерӯ ва заковати фитрии онҳо такя менамоянд. Занон ҳамеша хостгори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳонанд, зеро агар хоре бар пои фарзандон халад, аз ҳама зиёд онҳо мушавваш мегарданд. Аз ин рӯ, занону модаронро мебояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак ва дар таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.

 

Барои мо, занон, ҷавондухтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси рӯҳбаландӣ, сарфарозӣ ва ифтихори беандоза аст, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш бо камоли эҳтиром, ихлосу муҳаббат самимияти хоса аз хидматҳои занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҷамиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, дар мақоми роҳбарӣ таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа пойдориву устувории оила ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ бо изҳори қоноатмандӣ ҳарф заданд. Таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисосро ба хизмати давлатӣ ҷалб карда, ононро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

 

Мо, занон ва ҷавондухтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол, сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона, бунёдкоронаю созандаи ин абармарди таърихиро пайваста таҳким мебахшем. Ва ҳама гуна идеологияи бегонапарастӣ, хурофотӣ, экстремистию иғвопешаи  фитнагарони миллатро маҳкум менамоем. Иҷозат намедиҳем, ки он дасисабозон фазои осудаву ороми Ватани азаз ва  хотири ҷамъи занони тоҷикро халалдор намоянд.

 

Рухсора ДАВЛАТОВА,

мудири бахши кор бо занон

ва духтарони Академия

Мавҷуда ИМОМНАЗАРОВА, омӯзгор

Похожие записи