ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

terorizm

Дар замони муосир, ки пуртазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, яке аз муаммоҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарзо аст. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

 

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

 

Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

 

Чуноне аз сарчашмаҳои илмии муосир бармеояд, дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тавсир намудааст. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд маънои луғавии калимаи “терроризм” мавриди омӯзиш қарор гирад. Калимаи “террор” (terror) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат мебошад. Дар ҳақиқат, пеш аз ҳама амалҳои террористӣ, хусусияти зӯроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист бо роҳи тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро мақсади асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зиддиинсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.

 

Ҷомеаи башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи дигар ҷараёнҳои дигаре ки хусусяти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.

 

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалй намуда истодааст.

 

Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2016 “Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016-2020” ба тавсиб расид, ки алҳол тамоми идораю вазоратҳо новобаста аз шакли тобеъият аз болои ин ҳуҷҷати муҳим Нақша-чорабиниҳои худро таҳия намудаанд.

 

Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар Конститутсия омада инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.

 

Терроризм ва экстремизм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гардид. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви комилҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарнок бетараф нест.

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлоли кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

 

Яке аз омилҳои ҳифзи пояҳои давлатдории миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва ҷилавгирӣ аз ифрот ва ақидаҳои бегона ба ҳисоб меравад. Вазифаи ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистон аз он иборат аст, ки бо талошҳои ҳамарӯзаву ҳарлаҳзаина нагузорем, ки ақидаҳои носолиму ихтилофӣ ба ҷомеаи мо роҳ ёбанд. Итминони комил дорам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳем кард.

 

Бахтиёр АБДУҒАНИЗОДА,

ходими пешбари Маркази омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Похожие записи