ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО

IMG_3001

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки таҳти унвони “Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд” 8-уми октябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ оғоз гардида буд, дар бахшҳо кори худро идома бахшид.

 

Тавре иттилоъ дода будем, дар конференсия олимон, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд ва иштирок намуданд.

 

Дар бахшҳои конференсияи ҷумҳуриявӣ як гуруҳ олимон ва муҳаққиқон суханронӣ карданд. Аз ҷумла, декани факултети идоракунии давлатӣ, н.и.и., дотсент Достиев Эркин Абдулмаҷидович дар мавзӯи “Рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот асоси таъмини иҷтимоию иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ходими пешбари  илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ н.и.ф., дотсент Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди худидоракунии маҳаллӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон”, н.и.ф., дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академия Ҳайдарӣ Сабоҳат Саид дар мавзӯи “Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар  замонҳои қадим”, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурӣ Фурқат Аҳмадзода дар мавзӯи “Татбиқи Консепсияи рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи идораи давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия, н.и.т., Қодиров Довар Саидаллоевич дар мавзӯи “Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллии худидораи маҳаллӣ”, сармуаллими кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Файзиев Аҳмадҷон дар мавзӯи “Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар он”, н.и.ф., дотсенти кафедраи забон ва ҳуҷҷатнигории Академия Шарипов Шарифҷон Раҳмонович дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва вежагиҳои рушди низоми идоракунии маҳаллии Тоҷикистон дар шароити муосир” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Дар фарҷом байни иштирокдорон ва баромадкунандагон мубоҳиса сурат гирифта, донишҷӯёну магистрантон саволу таклифҳои худро пешниҳод намуда, дар кори конференсия фаъолона ширкат варзиданд.

Похожие записи