ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ

Такя кардан ба неруҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши давлату Ҳукумат тайи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистони биҳиштосо гардидааст. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додааст.

 

Мақсади асосии мақола ба олимон, мутахассисон ва омӯзгорони илмҳои табиӣ-риёзӣ ошкор намудани имкониятҳои воқеии курси математика дар таҳкими тарбияи иқтисодӣ бо рушди хусусиятҳои босуръати техника ва технологияи имрӯзаи илмҳои муосир барои эҳтиёҷоти таълими иқтисодӣ мебошад.

 

Дар замони муосир рушди босуръати техника ва технологияи имрӯза зиндагии башарро куллан тағйир дода, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд овард. Ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои ҷадиди замонавӣ кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста-оҳиста аз шакли қоғазӣ ба шакли электронӣ мегузаранд. Дар ин раванд, кашфи компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин дастовардҳои асри гузашта ба шумор меравад. Вале дар асри XXI ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора бо суръати баланд рушд намуда, фаъолият ва зиндагии инсонро бамаротиб осону дигаргун сохт. Он ба инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири мусбӣ расонида, тараққӣ ёфтани соҳаро дар ҷаҳон хеле боло бурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари олам пайи тараққӣ ва рушдёбии соҳаи фавқ басо тадбирҳои муҳим андешида истодааст. Аз ин рӯ, бо роҳандозӣ гардидани барномаҳои мушаххаси давлатӣ онҳо сол аз сол ба натиҷаи дилхоҳу назаррас ноил мегарданд.

 

Имрӯз дар Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур қабул гардида, масъулин пайи татбиқи онҳо ҳамеша ҷаҳду талош мекунанд ва камар мебанданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, таҳти №1174 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, таҳти №468 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии кишвар бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти №451 тасдиқ шуда, Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти №1713 қабул гардид.

 

Дар давраи муосири рушди ҷомеа зиёд шудани ҳаҷми афзоиши иттилоот талаб менамояд, ки ба суръат ва сифати азхудкунӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар фаъолияти касбӣ эътибори хоса зоҳир намоем. Мақсади таҳсилот – таълиму тарбияи мутахассисони дараҷаи баланд мебошад. Ин талабот ба таълими фанҳои табиӣ- риёзӣ ҳамчун асоси фанҳои дақиқ низ дахл дорад.

 

Марҳилаи имрӯзаи рушди таҳсилот тағйироти сифатии мазмун, сохтор ва татбиқи технологияҳои нави таълимро дар раванди таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ тақозо менамояд. Бояд қайд намуд, ки аксарияти омӯзгорони донишгоҳҳои иқтисодӣ омодагии касбии равонӣ-педагогӣ надоранд. Дар навбати худ, омӯзгорони фанни табиӣ-риёзӣ, ки таълимоти асосии иқтисодиро дар соҳаи дахлдори таҳсилот надоранд, на ҳама вақт метавонанд ташкили дурусти раванди таълими фан барои ихтисосҳои иқтисодӣ ва алоқаи байнифанниро таъмин намоянд. Аз ин рӯ, ин омилҳо метавонанд ба паст шудани сатҳи умумии қобилияти зеҳнии донишҷӯён таъсири манфии худро расонанд.

 

Коркарди технологияҳои нави таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ дар макотибҳои олӣ ҳамчун фанни асосӣ барои иқтисодчиёни оянда, имконияти баланд бардоштани сифати дониши математикии донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳоро фароҳам оварда, сатҳи фаъолияти мустақилонаи таълимӣ- маърифатии онҳоро муайян менамояд. Ин технологияҳо бояд дар асоси муносибатҳои замонавӣ ба дараҷаи тайёр намудани мутахассисони соҳа коркард шуда бошанд. Барои саҳеҳ баҳо додан ба фаъолияти таълимии хонандагон коркарди технологияи баҳодиҳии сатҳи азхудкунии мавзуъҳои фаннӣ муҳим аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳисси қаноатмандии хонандагон аз раванди таълим афзун шавад.

 

Инчунин, истифодаи технологияҳои муносибати инфиродӣ, технологияии модулӣ-рейтингӣ, технологияи интерактивӣ ва ғайраҳо дар раванди омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд.

 

Истифодаи васеи технологияҳои таълим дар раванди омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ қобилиятҳои хонандагонро такомул дода, барои таълиму тарбияи мутахассис нақши муҳим мебозад. Ба омӯзгор лозим аст, ки ба инкишофи қобилиятҳои эҷодии хонандагон низ эътибор зоҳир намояд, зеро он элементи зарурии машғулияти замонавӣ мебошад.

 

Аз дараҷаи фаъолнокии эҷодии хонандагон, самаранокии фаъолияти таълимӣ барои инкишофи тафаккур вобастагии калон дорад. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ имконият медиҳад, ки якрангии машғулиятҳо ва фаъолияти хонандагон бартараф карда шавад. Ба омӯзгорон лозим аст, ки имкониятҳои равонӣ педагогӣ, дидактикӣ, ташкилӣ ва технологии истифодабарии фанҳои табиӣ- риёзиро дар самти тахассус барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ омӯзанд ва тадқиқ намоянд, то ки таълими ин фанҳо мақсаднок гардад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз истифобарандагони шабакаи Интернет зиёд шуда, дар ҷомеа технологияҳои инноватсионӣ мавқеи калон пайдо карда истодааст. Новобаста аз ин пешравиҳои технологияҳои иттилоотии кишвар дар ҷомеаи иттилоотӣ як қатор соҳаҳое мавҷуд аст, ки онҳо рӯ ба рушду гузариш ба ҳукумати электронӣ ниёз доранд. Яке аз ин соҳаҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошад, ки барои дарёфти маълумоти муфид оид ба фарзанди худ падару модарон танҳо аз муассиса маълумот гирифта метавонанд. Агар онҳо дур аз муассиса зиндагӣ кунанд ё дар хориҷа бошанд, гирифтани маълумот мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба миён меорад.

 

Ҳамин тавр, технологияи инноватсионӣ ҳам ба сифати илмие,ки роҳҳои беҳтарини таълимро тадқиқ менамояд, ҳам ба сифати системаи тарзҳо, принсипҳое, ки дар таълим истифода мешаванд ва ҳамчун раванди таълим баромад мекунад.

 

Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,

мудири кафедраи илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ,

 номзади илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, достент

Аксҳо

Похожие записи