“ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ”

1 (9)

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори семинар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек, декани факултети идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Достиев Эркин Абдулмаҷидович ва ҳайати устодону олимони Академия иштирок намуданд.

 

Семинарро мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Абилзода Гуландом Сардор оғоз бахшид.

 

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Комилбек А.Ё. иштирокдорони семинарро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз арзиши бемисли Истиқлол дар таҳкими давлатдорӣ ва муҳимияти ҳифзи дастовардҳои он ҳарф зад.

 

Тазаккур дода шуд, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди беназири давлату миллати тоҷик мебошад, ки 30 сол муқаддам ба вуҷуд омад. Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1991 Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, 9 сентябри ҳамон сол Рӯзи Истиқлоли давлатӣ эълон гардид. Ин санаи муқаддас барои миллати тоҷик иди бузургтарини миллӣ маҳсуб меёбад.

 

Дар семинари илмӣ-амалӣ дотсенти кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ н.и.п. Ҳоҷиева Фирӯза Абдуқодировна дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдат”, муаллимаи калони кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Мирзоева Шоира Гулшукуфовна дар мавзӯи “Нақши Истиқлолият дар ташаккули ҳаёти маънавии ҷавонон”, ассистенти кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Юлбекова Насиба Шарифовна дар мавзӯи “Манзалати зани замони соҳибистиқлол”, ассистенти кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ Ҳамроев Хушбахт дар мавзӯи “Истиқлолият-эҳёи Артиши миллӣ” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

 

Баромадкунандагон зимни суханронӣ аз ҷумла қайд карданд, ки “ҳифзи Истиқлоли миллӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату  вафодорӣ  ба  арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст. Истиқлоли давлатӣ шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллат аст. Истиқлолро соҳиб шудан ҳанӯз як ҷанбаи масъала, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини ҳастӣ ва зиндагӣ дарк намудан асоси саодатмандии мардуми  шарафманди тоҷик ва тоҷикистонӣ аст”.

 

Дар фарҷоми семинар устодону олимони Академия мубоҳисаи озод доир намуданд.

Похожие записи