ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ

167884437_940068693485521_8850262752258744525_n

“Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад” — таъкид доштаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар таърихи миллати куҳанбунёду фарҳангсолори мо санаҳое мавҷуд ҳастанд, ки барои халки тоҷик гардиши куллӣ ва тақдирсоз овардаанд. Аз ҷумлаи ин санаҳо 9-уми сентябри соли 1991 ба ҳисоб меравад. Зеро дар натиҷаи эъломи Истиқлолияти давлатиамон дар харитаи сиёсии ҷаҳон  давлати мустақил  бо номи  Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Ин рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз имкон фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири хешро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодиро мустақилона ва бо ихтиёри худ интихоб намояд.

 

Бешубҳа, Истиқлолият неъмати бузургест, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият мазҳари озодӣ ва манзари ободии мо буда, хамчун милодномаи таърихи навини тоҷикон шинохта шудааст. Истиқлолият мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист.

 

Дар ҳақиқат, тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо дар саросари ҷаҳон соҳиби обрӯву манзалати хоса гардида, бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкориҳои бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорад ва  беш аз пеш ба дастовардҳои ҷадид ноил мегардад.

 

Даврони истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои  ҳар як тоҷики бонангу номус рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ: аз ҷумла Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ гардид. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ замина гузошта шуда, зина ба зина татбиқ гардида истодааст. Дар солҳои истиқлолият биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурию иҷтимоӣ ва фарҳангию хизматрасонӣ, ба монанди Қасри Миллат, Қасри Сомон, Китобхона ва Осорхонаи миллӣ, инчунин иншоотҳои гуногун дар пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб, Турсунзодаю Бохтар, Ваҳдату Хоруғ, Ҳисору Истаравшан ва шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ қомат афрохта, ба ҳусни Тоҷикистони биҳиштосо ҳусни дигар зам намуданд. Барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ неругоҳҳои оби барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтуда 2», ҳамзамон сохтмони бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ — НБО Роғун идома дошта, солҳои 2018-2019 агрегатҳои якум ва дуюми он ба истифода дода шуданд. Инчунин, тӯли ин солҳо садҳо неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бунёд гардид. Хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб Шимол», «Лолазор-Хатлон» анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

 

Бо мақсади ба як кишвари воҳид табдил додани Ватани маҳбуби мо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар як қатор чораҳо роҳандозӣ гардида, дар кишвар як қатор роҳҳои замонавӣ, нақбҳо бунёд гардиданд.

 

Барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёди шоҳроҳҳои байналмилалию дохилии Душанбе — Кӯлоб — Қулма,  Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Нурообод-Лахш, Айнӣ-Панҷакент, роҳи оҳани Кӯлоб-Қӯрғонтеппа, Ваҳдат-Ёвон, нақбҳои азими “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Озодӣ”, “Дӯстӣ” ва зиёда аз 240 пулҳои хурду калон сохта ба истифода дода шуданд. Дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуда, Парчами кишвар дар пойтахт ба баландии 165 метр қомат афрохт.

 

Чун ташаккули миллат бевосита ба соҳаи маориф рабт дорад, пас аз ба даст овардани истиқлолият ба ин самт аҳамияти хоса зоҳир гардид. Дар давраи истиқлолият дар қаламрави ҷумҳурӣ 2254 биноҳои таълимӣ, 9 мактаби президентӣ ба истифода дода шуданд. Шумораи мактабҳои таҳсилоти олӣ аз 13 адад ба 39 адад расонида шуд. Барномаҳои давлатии рушд, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои русию хориҷӣ қабул гашт. Маркази миллии тестӣ ташкил карда шуд.

 

Ҷиҳати рушди соҳаи маданӣ-маърифатӣ ва тандурустӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Қасрҳои фарҳанг, хонаҳои маданият, беморхонаҳо таъмир карда шуда, дар шаҳру навоҳӣ биноҳои нави қасрҳои фаҳранг, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо сохта ба истифода дода шуд. Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номҳои қадимаи шаҳру ноҳияҳо барқарор карда шуданд, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангтӯда, инчунин барои  зинда гардонидани номҳои мутафаккирони  бузурги тоҷик ва қаҳрамонони халқи тоҷик,  номи шаҳру ноҳияҳо ба номи  онҳо гузошта шуданд, ба монанди Сино, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Шамсиддини Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Спитамен, Темурмалик, Деваштич ва ғайра. Шаҳракҳои нави замонавӣ — Баҳористон дар Истаравшан, Сайҳун дар Хуҷанд, Меҳробод дар Мастчоҳ, Моҳпарӣ дар Исфара бунёд шуда истодаанд.

 

Миллати бузурги тоҷик дарк намуд, ки истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвар қадам ранҷа намуд. Ин миллати меҳмоннавоз қудуми мубораки ин неъмати Худойиро воло ҳисобида, ба хубӣ пазируфт. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамин тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро нодидагирӣ карда, миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳои таърихиву фарҳангиро вайрону валангор карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ин миллати куҳанро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Пешвои муаззами миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид. Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тољикистонро чун кишвари соҳибистиклол нашиносад.

 

Маҳз ба туфайли истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муассисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон паи илму донишанду имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд.

 

Ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои истиқлолияту ваҳдат бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

 

Имрӯз онҳо чун дигар ҷавонони ҳамнабзи сайёра навоварӣ менамоянду худро ҳамқадами аср меҳисобанд.

 

Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас, ҳамин аст истиқлолият, яъне озодӣ ва пайомадҳои неки он дар љомеаи мутамаддин.

 

Истиқлол озодӣ дод. Барои мо кофист, ки озодона ҳар ҷое мехоҳем, меравему зиндагӣ мекунем. Истиқлолият хотири падару модари моро ҷамъ ва шод нигаҳ медорад. Зеро волидонамон медонанд, ки фарзандашон аз роҳ сиҳату беранҷ ба хона бармегардад.

Дигар шеърҳои шоирони мо бӯи ҷангу хун намекунад, вуҷудҳои мо ғарқи тарс не, балки ғарқи гулҳои умед аст. Истиқлолият барои мо осудагӣ дод. Осуда ки бошӣ, зиндагӣ ширин мешаваду умедҳо месабзанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф хеле бамаврид зикр намудаанд: «Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди  ҳазорсолаҳо  мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро  ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем».

 

Ҳарфҳои мазкур, бахусус, имрӯзҳо дар чунин вазъияти ноороми сиёсии ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ, ҳамчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили COVID-19 ва дигар ихтилофу мушкилотҳо ва печидагиҳо, ки онро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, аҳамияти дучанд касб намудаанд.

 

Маҳз аз ин лиҳоз, зарур аст, то сулҳу оромӣ ва амну суботро, ки дар кишварамон аз баракати роҳбарии хирадмандона ва мудаббиронаи Пешвои муаззами миллат пойдор аст, қадр намоем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи бузургтарин неъмати ҳастиамон – истиқлолу озодӣ омода бошем.

 

Ба қадри соҳибистиқлоливу озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбубу муаззами миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон, қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ҷавонон ба ҳисоб меравад.

 

Неъмати истиқлол беш аз ҳама барои занону бонувони кишвар хушбахтӣ ва файзу баракат овард. Чи тавре ки Д.Сайдаҳмадова, олимаи донишманди тољик мегўяд: “Истиқлолияти давлатии Љумҳурии Тољикистон барои бонувон воқеан, баъд аз қарнҳои тўлонӣ истиқлолияти аслиро таъмин намуд” .

 

Ба пиндори адабиётшинос Ш.Шарипов “ваҳдати миллӣ барои мо ҳадяи илоҳӣ буда, бо назардошти моҳияти таърихии он дар баробари мафоҳими Ватан ва истиқлолияти давлатӣ бозёфти муқаддас ва сарчашмаи саодату файзи рўзгори мардуми кишвар аст”.

 

Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ боиси эҳёи идҳои миллию таърихӣ ва урфу одатҳои аљдодии мо гардид. Ин нукта дар табрикоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумҳурии Тољикистон д.и.ҳ., профессор Ѓафурзода А.Д. чунин иброз шудааст: “Дар ин айёми некуи созандагиҳо ва самараи истиқлолияти давлатӣ шукўҳу шаҳомати Наврўз бештар гардид”.

 

Бигзор, ваҳдату оромӣ дар фазои Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон бошаду истиқлолияти давлатӣ чун рамзи иқболу озодӣ  пойдор. Бигзор, нури хуршеди тоҷи заррини истиқлолияти давлатӣ доимо ҷилобахшу равшангари ҳаёти ҷомеаи мо бошад!

 

Низом Қосим чунин навиштааст:

Сохибистиқлол кишвар, мо ҳама доди туем,

Зодаи озодии ту, рўҳи озоди туем.

Ҳамдамони лаҳзаҳои шоду ношоди туем,

Дар раҳи парвози фардо боли иршоди туем.

 

Хулоса, то ба имрўз садҳо асарҳо дар бораи моҳият ва файзи истиқлолияти давлатӣ навишта, садҳо шеъру достон офарида шуданд. Аммо моҳияти аслии истиқлолият, неъмати озодӣ ҳанўз ба маънои пуррааш инъикос нагардидааст. Мо танҳо дар қиёс бо кишварҳои олам метавонем, ки файзи ин неъматро боз ҳам беҳтар эҳсос намоем. Вазифаи ҳар яки мост, ки онро ба мисли гавҳари чашм эҳтиёт кунем ва истиқлоли пойдорро таҳким бахшем.

 

Парвина АБДУЛЛОЕВА,

корманди Академия

Похожие записи