ИСТИҚЛОЛ ВА РОҲҲО

Сафарзода М. (2)

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 – юмин солгарди онро таҷлил намудем, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ва муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад. Маҳз бо шарофати ин санаи фархунда дар фазои озоду осуда ва амонӣ онро бо шаҳомат таҷлил мекунем.

 

Баракати истиқлол аст, ки имрӯз мо дар тамоми манотиқи кишвар рӯзи ҷашну хурсандӣ дорем, дар ҳоле, ки  кишвари ҳамсояи мо Афғонистон оғуштаи хуну шаҳрвандонашон сарсону саргардонанд. Чунин рӯзҳои сангин бар сари мо ҳам омада буданд, вале бо ҳукми тақдир сарвари хирадманде насиби мардуму кишварамон гашт, ки лаҷоми ҷангу хунрезиро саривақт гирифта, бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд.

 

Аз ин хотир, мо тоҷикистониён, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоем, ки истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳодаанд.

 

Агар ба вазъи имрӯзаи дигар кишварҳои олам назар андозем, беихтиёр аз ободиву осудагии кишвари худ, ки дар тӯли 30 сол ба он шарафёб гардидем, ифтихор мекунем.

 

Сардори давлат бо азми қатъӣ бунёду сохтмон ва эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд: «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Ин гуфтаҳоро Пешвои муаззами миллатамон марҳила ба марҳила амалӣ намуданд ва Тоҷикистонамон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

 

Бо ҳидоятҳои Сарвари хирадмандамон яке аз вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки Барномаи стратегии кишвар – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро бо сари баланд иҷро карда тавонистем ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки аз уҳдаи вазифаҳои минбаъда низ бо сари баланд мебароем.

 

Талошу меҳнати шабонарӯзии роҳсозон ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат буд, ки дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон дар радабандии сифати роҳҳо 20 зина боло баромад, ки ин дастоварди басе муҳим аст.

 

Бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки кормандони соҳаи роҳу нақлиёт дар рӯзҳои авҷи вабои ҳамагир – коронавирус ҳам бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар сари кор буданд ва барои анҷом додани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо пурмаҳсул заҳмат кашиданд. Дар ин давраи нисбатан вазнин ҳам иродаи мо бешикаст монд, мо муттаҳидтар гаштем.

 

Дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби  мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд.

 

Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.

 

ҳоло дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 мусофирбар, 104 боркаш ва 36 омехта (боркашу мусофирбар), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиётӣ ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

 

Дастовардҳои дар замони истиқлол ба дастомадаи соҳаро агар номбар намоем, хеле зиёданд. Мо шукр аз он мекунем, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозону нақлиётчиён ба даст омадаанд.

 

Ин ҳама комёбиҳо армуғони арзишманд ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоланд.  Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки тамоми кормандони соҳа бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ба хотири гулгулшукуфии ояндаи Ватан минбаъд низ талош варзида, вазифаи дар наздашон гузошташуда – табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитиро амалӣ хоҳанд кард.

 

Мақсудҷон САФАРЗОДА,

магистранти Академияи

Похожие записи