ИСТИҚЛОЛ – РАВШАНГАРИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

da584015f5a3a1f7c71b924ae03e7813

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ба давраи начандон тӯлонӣ, дар айни замон пураҳамият барои миллати мо, назар намоем. Ин давраи барои миллати мо пураҳамият ва муқаддасу боарзиш 30 соли соҳибистиқлолӣ мебошад.

 

Воқеан, Истиқлоли давлатӣ барои мо, дар маҷмӯъ барои кулли тоҷикони ҷаҳон гардиши куллиро ба вуҷуд овард. Шурӯъ аз мустаҳкам намудани заминаи худшиносӣ, ҳувият, ифтихори ватандорӣ, шиносонидани миллату давлат, арзишҳои таърихию фарҳангӣ то рушди тамоми соҳаҳо дар ҳаёт ва фаъолияти мардум Истиқлоли давлатӣ дигаргунӣ ворид намуд.

 

Албатта тағйирод ба ҳар навъ мешавад. Вале бояд донист, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати мо аз он хотир муқаддасу гиромӣ аст, ки он чун рамзи сарнавиштсоз ва ояндасоз шинохта шудааст. Аз бозе, ки мо соҳибистиқлол гардидем, рӯз аз рӯз, қадам ба қадам, марҳила ба марҳила Тоҷикистон биҳиштосо ва босафову пешрафта гардид.

 

Истиқлоли давлатӣ барои миллати мо имкони воқеӣ фароҳам овард то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамвор намоем. Аз ҳамин зовия Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодона ва бахту саодати воқеии моро таъмин намуд.

 

Истиқлоли давлатӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

 

Имрӯзҳо тамоми манотиқи кишвар фазо ва қабои идона ба худ гирифтааст. Ва шоиста ҳам ҳаст, ки чунин бошад. Чун тамоми ободониҳо, зебоиҳо, дастовардҳо ва соири дигар арзишҳо, ки миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад, самараи неки истиқлол мебошанд. Истиқлоли давлатист, ки имрӯз кишвари моро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта, таҷрибаи сулҳи моро манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон қарор додаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар таманно мекунем, ки ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатӣ барои ҳамеша пойдор монад ва барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию муваффақиятҳои рӯзафзунро эҳдо созад.

 

Умед ХИДИРОВ,

ассистенти кафедраи дипломатия ва

муносибатхои байналмилалии Академия

Похожие записи