ИСТИҚЛОЛ – ШИНОСНОМАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛӢ

IMG_7909

Нигоҳи таърих дар оинаи ҷалолаш пайдоиш ва ташаккули миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикро дар пойдории сулҳу салоҳ, оромишу осудагӣ ва аз қарнҳои дур то ба имрӯз аз насл ба насл мерос мондани забон, сарзамин, фарҳанг, расму оин, урфу одатҳо, маданияти хоси давлатдорӣ, азму талошҳо баҳри нигоҳ доштани истиқлолро, ҳамчун дастоварди бузург ҷило мебахшад.

 

Хотираҳои таърих ин дастоварди бузургро бори аввал дар таърихи миллати тоҷик ба замони Каёниёни бузург нисбат дода, мефармояд, ки ин ифтихор ва ин шарафмандӣ моли ҳалоли наслҳои гузаштаи тоҷикон Ориёиҳо дар ин сарзамини куҳан мебошад. Дар зери андешаи миллии созандаи истиқлол аввалин Империяи худро сохтаанд. Баҳри нигоҳ доштани он дар радифи ҳама халқҳои бостонӣ ба ҷасорату матонат талош намудаанд. Дар сарчашмаи таърихӣ “Авасто” 16 кишвари тоҷикон номбар шуда, давлатҳои Суѓд, Бохтар ва Даван шаҳодати ҳаёти мустақилияти тоҷикон мебошанд. Зеро дар замонҳои қадим барои муқовимат бо истилогарон ҳазорон меҳанпарастон атрофи Фрадаи марѓионӣ, Спитамени далер ва дигар фардҳои ҷасур гирд омада, тули якуним аср бар зидди Юнону Мақдунӣ ва Румиҳо баҳри нигоҳ доштан ва ҳифз намудани истиқлоли миллии хеш мубориза бурдаанд. Аз замони Ҷамшед то шоҳаншоҳии Яздигурд қаламрави аҷдодони тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ҳазорон душмани молию ҷонӣ қарор гирифта буд, аммо фарзандони некному ҷасур дар баҳои хун, истиқлолияти хешро зери парчами ориёӣ дар муттаҳидӣ тарбия намуда нигоҳ доштанд ва заминаи бузургеро барои эъмори давлатдории хирадафрӯзи наслҳои оянда гузоштаанд. Пас аз барҳам хурдани Империяи Форс кохи бузурги ориёӣ Кушон (I-V) ва Ҳайтолиёнро (солҳои 450-567) бунёд намуда, дар тамаддуни башарӣ нақши бузург бозидаанд.

 

Аз ин нуқтаи назар нахуст нишонаҳои истиқлоли миллӣ дар эъмори далатдории миллии тоҷикон ва шинохти миллат аз замони Каёниён мерос мондааст. Шоир ва муаррихи адабиёти антиқаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ овардааст.

 

Оринасабему бо Худоён хешем,

Аз қавми Каёнем, аз он ҳам пешем.

Гуфтем ба бегонаву гуем ба худ,

Мо пайкарасози қотилони хешем.

 

Тинати пок, иродаи матин, ҷасорату матонати азалии тоҷикон намегузошт, ки истиқлолияти комили тоҷикон барафканда шавад. Пайваста нисбати зулму истибдоди қабилаҳои бегона истодагарӣ намуда мустақилияти худро ҳифз менамуданд. Маҳз замони давлатдории сулолаи оли тоҷикон Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ (892) боиси таҳсин аст. Зеро ин замон давраи талошҳои худшиносӣ ва худсозиҳои миллати тоҷик ва давлату давлатдории тоҷикон буд. Маҳз бо шарофати истиқлол миллат соҳиби давлат, озодии сиёсӣ ва ҳайсияту ифтихори миллӣ гашта, шуҳрату эътибори ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Дар ин замон халқи тоҷик шуҳрати давлатдорӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, адабиёт, фарҳангро соҳиб шуда мулки бузурги Хуросону Мовароуннаҳрро идора менамуданд.

 

Дар ин аснод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” баръало зикр намудааст: Фарзандони фидоии ба номуси миллати мо дар ҳама давру замонҳо, дар ҷое бо силоҳу сипоҳ, дар ҷое бо зиракию ҳусни тадбир, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо ҳидояту панду ҳикмат ва дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолиятхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо ба ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд.

 

Охирин империяи абарқудрат Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд, ки дар он беш аз 100 миллат ва ҳазорҳо қавму гурӯҳҳои этникӣ бо ҳудудҳои хеш зери парчами ягона, тули 70-сол муттаҳид буданд. Дар таърихи 70-соли ҳамзистӣ таввасути талошҳои фарзандони фарзонаи халқ Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳо нафари дигар давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ ташаккул ёфт. Сарфи назар аз тақсимоти беадолатонаи марзӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи халқиятҳои тоҷиктабори кишварҳои ҳамсоя барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои куҳани таърихӣ шакли нави давлату давлатдории онҳо мусоидат намуд. Комёбиҳо дар бахши иқтисод, илм ва фарҳанг, расидан ба истиқлол иродаи тоҷиконро қавитар менамуд. Зеро шоирон Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, аҳли ҳунару варзиш номи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муарифи менамуданд.

 

Дар асоси Анҷумани III фавқулодаи Шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 октябри соли 1929 халқи тоҷик мустақилияти худро ба даст оварда соҳиби давлати соҳибноми худ Тоҷикистонро пайдо намуданд. Аммо ин дастоварди тоҷикон начандон устувор буд. Зеро дар тули беш аз 70 сол дар ҳайати ИҶШС халқи тоҷик роҳи ноҳамвор ва мураккаби таърихиро тай намуда, нокомиҳои зиёдеро аз сар гузаронид.

 

Дар натиҷаи ба амал омадани бозсозие, ки соли 1985 ба хотири такмил додани сохти сотсиалистӣ ва хотима додани вазъи ногувори мамлакат оѓоз ёфта буд, ҷомаи амал напушида, баръакс вазъиятро муташаниҷ гардонид. Дар бисёр ҷумҳуриҳои ИҶШС муаммоҳои миллӣ сар зада, хавфи аз миён бурдани давалати абарқудрати ИҶШС-ро овард. Ин вазъият соли 1990 давалати абарқудрати ИҶШС-ро барҳам дода, мустақилияти халқҳоро ба миён овард, ки ба ин тоҷикон ҳам фарогир буданд.

 

Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 август соли 1990 эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти миллиро эълон кард, ки дар ин ҳолати ҳасос, ҷумбишҳои сиёсӣ ҷумҳуриро фаро гирифт ва гурӯҳу созмонҳои сиёсӣ пайдо шуда, барои халқи тоҷику тоҷикистониён ҷудоиву хунрезиро ба миён оварданд.

 

Воқеаҳои баҳманмоҳи (12-14 феврал) соли 1990 дар шаҳри Душанбе сарахбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида, соли 1990-1992 миллати тоҷикро ба ҷанги хонумонсӯз рӯ ба рӯ намуд. Ҳазорҳо нафар ҷони худро бохта, ҳазорони дигар хонавайрону фирорӣ шуда, ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ ҷустанд, ки хавфи ба фано рафтани миллати тоҷикро ба миён овард. Дар он замон миллати паҳну парешонгаштаро мисли фарзандони баруманди ниёгони миллат, фарди хирадманд, матинирода, ҷасур, боистеъдод, саховатманд, дар ақидааш устувор, ки бо андешаҳои созандаи миллиаш ҷамъ оварад. Ҷонибҳои даргирро бо бахшандагию меҳрубонӣ, иттиҳодию якпорчагӣ даъват намояд. Оѓуши муҳаббати бародарии хешро боз намуда, занҷирҳои бардагии фирориёнро шиканад. Кишварро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшад, ба мардум зиндагии осуда, фазои орому осоишта муҳайё кунад. Кишвари порча-порча гаштаро ба як мамлакати воҳид табдил диҳад.

 

Дар чунин вазъ аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар қасри маданияти “Арбоб” Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) гузаронида шуд, ҳокимияти конститутсионӣ барқарор ва 19-уми ноябр  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои хоси миллии давлатдориаш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-уми ноябри соли 1994 Президенти кишвар интихоб гардида, истиқлолияти воқеии кишвар ҷиллои тобноки хешро баҳри мардум боз намуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ баҳри нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ саъю талошҳо намуда, барои ҳаёти осоиштаи миллати тоҷик ҷони худро ба гарав мондааст.

 

Истиқлолият ба даст овардан ин барои ҳар як халқу миллат неъмати бебаҳост, зеро дар олам бисёр халқу миллатҳое ҳастанд, ки то кунун истиқлолият надоранд ва ба расмият ҳамчун халқият, миллат эътироф карда намешаванд. Дар ҷаҳон халқ ё миллате ба расмият шинохта мешавад, ки истиқлоли комил ва анаъанҳои миллии худро дошта бошад.

 

Мусалам аст, ки имрӯзҳо халқи тоҷик дар зери сиёсати хирадмандонаи абармарди таконбахшу фидоии миллат ҳаёти мустақилона ва осоишта бурда, шукргузорӣ аз истиқлоли хеш менамоянд. Аз ин рӯ, истиқлол барои ҳар фард ва ҳар халқу миллат шиносномаи миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

Миллат ва давлати тоҷикон Тоҷикистонро имрӯзҳо дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ аз рӯи истиқлол, ваҳдати миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва симои тоҷиконаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба расмият мешиносанд. Маҳз истиқлол аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикон гардида, аз ҷониби Созмонҳои бонуфузи дунё ба расмият шинохта шудааст. Дар зарфи 30 соли истиқлол миллати куҳанбунёди тоҷик бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаи азалии сулҳофариву муттаҳидӣ ба ҳадафҳои неки рушду нумуи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва равобитҳои дипломативу сиёсӣ дар тамаддуни башар қадамҳои устувор гузошта истодааст.

 

Ба даст овардани ин шиносномаи бузурги миллии миллат – истиқлол мо, ҳамватанонро месазад, ки ин неъмати худододро зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ дорем ва ба ҳама баракоти он шукргузор бошем.

 

Иброҳим МАҲМАДОВ,

муовини сардори раёсати таълими Академия

Похожие записи